«ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ: ГИРОМИДОШТИ ВАТАН ВА ТАРАННУМИ АНДЕШАИ СОЗАНДА

280

Имрӯз (14.10.2022) ба хотири бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори факултети филологияи донишгоҳ ҳамоиши адабиву фарҳангии бошукуҳ таҳти унвони «Шукуҳи «Шоҳнома» ва азамати Фирдавсӣ» бо иштироки сафири фавқулода ва намояндаи томулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ баргузор шуд.

Маҳфилро декани факултети филологияи ДМТ С.Эмомалӣ ифтитоҳ бахшида, доир ба бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ маълумот доданд. Қайд гардид, ки андешаҳои навоваронаи ин ҳакими бузург масъалаҳои гиромидошти анъанаҳои миллӣ, ҳифзи ватан ва аъмоли инсонпарваронаи пешвоёни халқро дар бар гирифтааст.

Сипас ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар робита ба гиромидошти «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар ҳар навиштаи Абулқосим Фирдавсӣ ҷилои ҳикмати оламгири ӯро мушоҳида кардан мумкин аст. Афкори ватандӯстонаи ӯ дар ҳар мисраи шеъраш таъкид мегардад. Аз ин лиҳоз метавон ӯро чун муаррификунандаи андешаҳои ватандӯстона шинохт.

Ҳамин тавр дар ҷараёни маҳфил сафири фавқулода ва намояндаи томулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, доктори илмҳои филология, профессор Мақсудов Б. (Фирдавсӣ – ҳамосасарои бузурги миллӣ), номзади илмҳои филология, дотсент А.Юлдошев (Таҳлили муқоисавии образи Ардашери Бобакон дар «Шоҳнома», «Ғурар – ус – сияр»-и Саолибӣ ва тарҷумаи арабии «Шоҳнома»-и Бундорӣ) ва адабиётшинос Ҳ.Раҳмон суханронӣ намуданд.   

Лаҳзаҳои барои тамошобинон фаромӯшнашаванда он буд, ки дар ҷараёни ҳамоиш донишҷӯён порчаҳои шеъриро бо маҳорати баланд иҷро намуданд. Илова бар ин, оҳангҳои дилнишину сурудҳои пандомез садо доданд.