МАҲФИЛИ “РАВОҚИ АНДЕША” ДАР ХОБГОҲИ РАҚАМИ 8-И ДМТ АЗ ҶОНИБИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ДМТ

243

Ин шом (04.11.2022) маҳфили “РАВОҚИ АНДЕША” бо иштироки устодони факултети филологияи ДМТ ва донишҷӯёни факултетҳои филология, Осиё ва Аврупо, тиббӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, молия ва иқтисод ва журналистика дар маҷлисгоҳи хобгоҳи рақами 8-и ДМТ баргузор гардид. Дар ин маҳфил декани факултети филологияи ДМТ профессор Сироҷиддини Эмомалӣ, муовини декан оид ба тарбия, дотсент, Ҳайдаров Муҳаммадёр, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, дотсент, Муҳаммадизода Қарор ва устоди ҳамин факултет Ҳафиз Раҳмон иштирок доштанд. Сараввал сухани ифтитоҳиро декани факултет профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз намуда, дар мавриди “НАҚШИ КОНТИТУТСИЯ ДАР ҲАЁТИ ИМРУЗА” суханронӣ намуданд. Ва баъдан сухан ба устоди факултети мазкур Ҳафиз Раҳмон дода шуд, эшон дар мавзуи “АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ДАР КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” маърӯзае ба донишҷӯён ироа намуданд.