РУШДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМИЮ АДАБИИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

276

Имрӯз (05.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллӣ дар толори фарҳангиву адабии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода бо ҳузури Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, муҳаққиқону адибон – Муҳаммадии Муродӣ, Алиризои Қазва, Саидаи Ҳусейнҷон ва дигар адибону олимони Эрон, ҳамзамон, устодону донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик, забонҳои Осиё ва Аврупо маҳфили илмӣ – фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии декани факултети филологияи тоҷик Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз шуд.

Зимнан сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ афзуд, ки воқеан байни ду кишвари ҳамзабону ҳамнажод риштаҳои дӯстиву рафоқат торафт таҳким меёбад ва замзамаи ин дӯстӣ аст, ки мо пайваста дар доираи ҳамкориҳои судманди хеш дар якҷоягӣ чорабинии сатҳи гуногунро доир менамоем.

Дар маҳфили илмӣ – фарҳангӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ, адабиётшинос ва шоири маҳбуб Рустами Ваҳҳоб, профессор Умар Сафар, адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон доир ба равобити адабию фарҳангии Тоҷикистону Эрон суханҳо шунида шуда, зикр карданд, ки равобити фарҳангӣ ва маънавии Тоҷикистон ва Эрон солҳои зиёдест, ки густариш меёбад. Ин натиҷа ва самараи талошҳои сарони ҳарду давлат буда, дар ин радиф муносибатҳои фарҳангии ҷумҳуриҳо низ мақоми хосса дорад. Тоҷикистон ва Эрон ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию меросии муштарак мебошанд ва сарҳади фарҳангу адабу забони ин ду кишвар беканор аст. Нафаси тозаи равобити адабӣ байни ду кишвар хеле умедбахш аст ва Тоҷикистону Эрон – ин як қалб дар ду пайкар аст.

Ҳамзамон, раиси донишгоҳи Шероз Муҳаммад Муродӣ зикр намуд, ки миёни ДМТ ва Донишгоҳи Шероз равобити илмию фарҳангӣ ба таври густурда дар наздиктарин фурсат роҳандозӣ мегардад.

Дар тақвияти гуфтаҳои раиси донишгоҳи Шероз ҷаноби Сафир пешниҳод намуд, ки дар фасли баҳар дар арафаи ҷашни Наврӯз бо ҳузури шогирдону устодони ҳамоиши илмие дар шаҳри Шероз барпо карда шавад. Дар охир муҳтарам Сафир чанд китобҳои арзишманд ба китобхонаи факултет ҳадя намуд.

Ёдрас мешавем, ки маҳфили илмӣ-фарҳангии мазкур дар заминаи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.