СУХАН АЗ ДАСТОВАРДҲОИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ ВА ҲИФЗИ ОНҲО

250

Дар толори калони ДМТ маҳфили навбатии «Хирадманд» бо иштироки доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кӯчарзода баргузор шуд. Дар маҳфили мазкур роҳбарият, устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ҳузур доштанд. Маҳфилро декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ кушода намуда, зикр кард, ки гузаронидани ин чорабинӣ дар баланд бардоштани савияи дониши илмию адабиӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён мусоидат хоҳад намуд, зеро таҳқиқоти профессор Аламхон Кӯчарзода ба масъалаҳои гуногуни илми адабиёт бахшида шудааст.

Дар оғоз профессор Аламхон Кӯчарзода аз таваҷҷуҳи раёсат ва устодони донишгоҳ ба шахсияти ӯ изҳори ташаккур намуда, сипас дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди адабиёт дар замони Истиқлол» суханронӣ кард. Мавзӯи маҳфил бахшҳои гуногун, аз ҷумла Истиқлолият ва рушди адабиёт, омӯзгор ва тарбияи насли наврас, ҷавонон ва ҷомеа, бунёди НБО-и «Роғун»-ро дар бар мегирифт. Зимнан таъкид шуд, ки яке аз дастовардҳои замони Истиқлол таваҷҷуҳи бештар ба адабиёт, забон ва фарҳанги милли халқи тоҷик мебошад.

Баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз қабили «Фурӯғи субҳи доноӣ…», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат» гувоҳӣ аз сиёсати созандаи илмию адабӣ медиҳанд.

Дар идомаи маҳфил устодон А. Наврӯзов ва Ҳ. Раҳмон суханронӣ намуданд. Маҳфил бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ба профессор Аламхон Кӯчарзода ва ҳунарнамоии сарояндагони маҳбуби кишвар Лоиқ Холов, Темуршоҳ Ҳафизов ва Ҷумахони Сафар хотима ёфт.