Мирзоёров Фирдавс Ниёзович – номзади илми филология, муаллими калони кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикстон.
25-уми сентябри соли 1979 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, соли 2001 ихтисоси ҳуҷҷатнигории факултети филологияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (бакалавр), соли 2003 ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (магистр) ва соли 2008 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Рисолаи номзадиашро соли 2011 дар мавзӯи «Шарҳи грамматикӣ дар фарҳангҳои тафсирии асрҳои XVIXIX» дифоъ намудааст.
Соли 2010 барои таблиғи худшиносӣ дар соҳаи фарҳангу маориф бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» сазовор гардидааст.
Муаллиф ва мураттиби лоиҳаи «Стандарти фанни забони тоҷикӣ барои синфҳои 5-11» ( 2017) (бо ҳаммуаллифӣ), «Барномаи таълимӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои синфҳои 511»( ба ҳаммуаллифӣ), «Роҳнамо барои омӯзгорон аз фанни забони тоҷикӣ синфи 6» (бо ҳаммуаллифӣ), «Замима ба китоби дарсии забони тоҷикӣ синфи 6» (бо ҳаммуаллифӣ) мебошад. Ӯ муаллифи ду барномаи таълимӣ аз фанҳои «Лингвистикаи ҳуҷҷат» (2015) ва«Фарҳангнигории муосир» (2016) ва зиёда аз 80 мақолаҳои илмӣ ва илмию оммавӣ мебошад.
Аз соли 2008 узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.