Санаи 08.01.2020 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бурду бохт ва натиҷаи дастовардҳои як соли фаъолияти устодону кормандони донишгоҳ (соли 2020) ва омодагиву вазифаҳо барои соли 2021 аз ҷониби ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар ҷаласаи васеи Шӯрои олимони донишгоҳ дар сатҳи баланд ироа гардид.
Дар ҷаласа ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар мавриди ҳар як бахши донишгоҳ, фаъолияти яксолаи устодону кормандони он, зарфияти илмии донишгоҳ ва вазифаҳо барои соли 2021 ба тафсил сухан ронда, дар зимн ба устодони факултети филология, ки дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба ҳайси ҳакамон фаъолият намуданд, мукофотпулӣ ва ба донишҷӯён-иштирокҷиёни озмуни мазкур “Ифтихорнома”-и ДМТ ва маблағҳои пулӣ дода шуд.