Бо ташаббуси факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аксияи зебоии “Тоҷикона мепӯшем” бо иштироки фаъолонаи омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон баргузор гардид.
Ҳадафи асосии ин чорабинӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, эҳёи суннатҳои миллии тоҷикон ва ташвиқи истифодаи либоси миллӣ дар миёни ҷавонон мебошад. Либоси миллӣ ҳамчун нишонаи фарҳангу ҳувияти миллати тоҷик ифодаи зебоии беназири бонувони тоҷик ба ҳисоб меравад.











