АНДАР БОБИ ТАҚДИМИ “ШОҲНОМА” БА ҲАР ХОНАДОН

225

Расад “Шоҳнома” ба ҳар хонадон,

Зиҳӣ, бохирад, хусрави хусравон!

Каёниманишу Фаридунтабор,

Чи гавҳаршиносу чи бонангу ор!

Чу Фирдавсӣ бошӣ ҳумоюннажод,

Равонаш ҳамеша зи ту шод бод!

Кунун шодмон аст бар зери хок,

Набошад зи гардун ҳаме синачок!

Зи Маҳмуди Ғазнӣ чӣ парво бувад,

Чу сомонигавҳар-ш барҷо бувад.

Надонист қадраш шаҳи бенасаб,

Набошад зи бегонагон ин аҷаб.

Чӣ бок аст, бигзашт соле ҳазор,

Зи меҳанпарастон ту уммед дор.

Ту Донои Тӯсӣ нишондӣ ба гоҳ,

Бигӯянд аҳсант Ноҳиду Моҳ!

Зи Афредун ояд паём ин замон,

Ки наслам бимонад ҳаме ҷовидон!

Чу “Шаҳнома” хонад, бимонад гаҳаш,

Бимонад кулоҳу бимонад шаҳаш!

Гоҳ/ гаҳ – тахт, давлат

Сафаргул Ҳалимиён, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология