АЗ КӮТОҲНАЗАРИИ ФИКРӢ ТО АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ

222

(бардоштҳо аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар)

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар, ки дар таърихи 30.05.2024 дар маҷмааи “Кохи Ваҳдат” баргузор гардид, бо таваҷҷуҳ ба масъалаҳои “ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он” ва “сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ” андешаҳое матраҳ шудаанд, ки барои ҷомеаи мо, махсусан кормандони соҳаи маориф ва илм, бояд ҳамчун дастури раҳнамо қабул ва ҷиҳати амалӣ шудани пешниҳодҳои ироашуда дар мулоқот, чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд. Чунонки дар мулоқот таъкид гардид, соҳаи маориф ва илм дар сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша бартарӣ дошта, илм ба масобаи “яке аз омилҳои асосии рушди кишвар” ва олимон ҳамчун “захираи бузурги зеҳнии ҷомеа” эътироф гардида, ҷиҳати пешрафти ҳамаҷонибаи илм ва “беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм ҳамаи имкониятҳо” муҳайё гардидаанд. Дар ҳақиқат, таҷрибаи корӣ шаҳодат медиҳад, ки шароити иҷтимоии кормандони соҳаи маориф ва илм аз оғози Истиқлол, махсусан, аз соли 2000 ба баъд, яъне аз давраи боздоштани пастравии иқтисоди миллӣ ва ворид гардидан ба оғози марҳалаи рушди босубот то имрӯз рӯз аз рӯз беҳтар шуда истодааст. Қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарор кардани сулҳу оромӣ, бартараф кардани мухолифату кашмакашҳои дохилӣ, тақвияти заминаҳои модию техникии илми ватанӣ дар соҳаи Академияи миллии илмҳо ва муассисаҳои тобеи Вазорати маориф ва илм, такмили сохторҳои илмӣ дар низоми академияҳо ва таҳсилоти миёнаву олӣ, амалӣ шудани садҳо лоиҳаҳои илмӣ аз ҳисоби сармоягузории давлатӣ, бо назардошти имкониятҳои буҷети давлатӣ давра ба давра зиёд кардани маблағгузории соҳаҳои маорифу илм ва дигар ҳавасмандсозиҳои давлатӣ, истифодаи имконоти фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди теъдоди зиёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳу донишкадаҳо ва даҳҳо тадбири куллию ҷузъии дигар дар муддати беш аз сӣ сол ва шароити мусоиду тақозои Истиқлоли давлатӣ заминаҳои мусоиде буданд, ки беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагӣ ва рушди илми ватаниро таъмин кардаанд. Аммо, тавре дар мулоқот таъкид шуд, дар соҳаи маориф ва илм ҳанӯз корҳои иҷронашуда хеле зиёданд, ки барои иҷрои онҳо, қабл аз ҳама, аҳли илму маорифи кишвар масъул ҳастанд.

Ба миён гузоштани масъалаи “фаъолияти самарабахши соҳаи илм”, “иҷрои чорабиниҳои ба ин мақсад равонашуда” ва посухгӯи талаботи замон набудани “натиҷаи кори олимон ва сохторҳои илм” ҳушдоре дар пешорӯи масъулону кормандони соҳаи маориф, илм ва афроди равшанзамири миллат мебошад, ки аз ояндаи маориф ва илми кишвар бетараф нестанд ва дурнамои рушди он ба фаъолияти онҳо низ бастагӣ дорад. Дар ин замина аз ҷониби Пешвои миллат дар назди олимон вазифаи мушаххас гузошта шудааст, ки онро ба ҳукми дурнамои амал бояд қабул кард. Онҳо бояд минбаъд низ “барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳмгузор бошанд”.

Масъалаи нигаронкунандаи дигар ва мубраме, ки дар мулоқот аз ҷониби Пешвои миллат ба миён гузошта шуд, ба тақозои замон ҷавобгӯ набудани вазъи тайёр кардани олимони ҷавон аз рӯйи баъзе ихтисосҳо мебошад. Дар ин замина таъкид шуд, ки донишмандон набояд ба кӯтоҳназарии фикрӣ роҳ диҳанд, адолати иҷтимоӣ тақозо менамояд, ки ҳар як олим дар тарбияи шогирд бояд бо тамоми нерӯ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, бетараф набудан аз ояндаи рушди илм муносибат намояд. Олимон бояд дарк кунанд ва масъулият ҳис кунанд, ки яке аз вазифаҳои асосии ҷонӣ, виҷдонӣ ва имонии онҳо тайёр кардани мутахассиони ҷавон мебошад. Мутахассисони ҷавонро дар руҳияи садоқат ба миллат ва ватани худ тавре бояд омода кард, ки онҳо қодир ба анҷом додани таҳқиқоти илмии арзишманд буда, дар оянда масъулияти рушди илмро ба уҳдаи худ гирифта тавонанд. Танҳо дар ҳамин сурат донишмандон рисолати илмию инсонии худро ба ҷой оварда метавонанд.

Ҳифзи пайванди наслҳо аз тариқи идомаи суннати устоду шогирд яке аз масъалаҳои муҳимми дигарест, ки дар мулоқот таъкид шуд.

Дар ҳақиқат, ин анъана дар таърихи халқи тоҷик собиқаи дерина дошта, “идома додани мактаби устоду шогирд дар ҳамаи касбу корҳо ва махсусан, дар соҳаи илм қарзе мебошад, ки онро ҳар як олими собиқадору соҳибтаҷриба дар назди шогирдони худ бояд адо намояд”. Барои идомаи ин суннати нек, аз ҷумла, ба чунин зарурот ба таври ҳамешагӣ таваҷҷуҳ мебояд кард: такмили маҳфилҳои илмии назди кафедра ва дигар сохторҳои илмӣ, ки донишҷӯ қадамҳои нахустини худро ба ҷодаи пажӯҳиш ва муаррифии натиҷаи кораш аз он ҷо мегузорад, ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонони огоҳ барои анҷом додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар зинаҳои магистрантураву докторантура ва фаъолияти минбаъдаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни маориф ва илм, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони эҷодкор аз ҷониби олимон, пайгирии ҳамешагии мушкилоти ҷавонони навкор ва то ҳадди имкон бартараф кардани онҳо ва ё ҳадди ақалл масъалагузорӣ кардан дар баробари масъулони сохторҳо. Дар заминаи ҳамин масъала пешниҳод шудани ду меъёри зерин “дар арзёбии фаъолияти илмии ҳар як олим, махсусан, доктори илм” асосу асл ва комилан дурусту мантиқист: а) “посухгӯи ниёзҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар” будани натиҷаҳои таҳқиқот; ва б) “тарбияи кадрҳои ҷавон, ки ба саҳм гузоштан дар рушди илми кишвар қодир бошанд”. Ба эътибор гирифтани ин ҳарду асл сабаб мешавад, ки муҳаққиқ аз доираи фориғболию бемасъулиятӣ хориҷ гардида, вазифаи касбии худро содиқона иҷро намояд. Дар ин росто риояти амонати илмӣ дар пажӯҳиши масъалаҳо, садоқат ба пешаи интихобшуда, ҳифзи мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва доштани ғурури миллӣ дар иҷрои масъулиятҳо ҳам барои роҳбари илмӣ ва ҳам баҳри шогирд амрҳое зарурию муҳимманд.

Дар тарбияи ҷавонон бояд ҳама гуна маҳдудиятҳои сунъӣ бартараф ва ҷойи кӯтоҳназарию тангандешӣ ба муқаддасоте, чун садоқат ба милат ва Ватан иваз карда шаванд.

Яке аз масъалаҳои барҷаставу бояста, ки аз ҷониби Пешвои миллат ба миён гузошта шуд, вазъи нигаронкунандаи “таҳияи стандартҳои таълимию фаннӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, омӯзиши масъалаҳои педагогикаи муосир, таҳлили нишондиҳандаҳои барномаву консепсияҳои давлатӣ, мониторинги сифати таълим ва иҷрои барномаву нақшаҳои таълимӣ” мебошад. То ҷое ки мо аз вазъияти таҳияи стандартҳо ва барномаву нақшаҳои таълимӣ огоҳ ҳастем, воқеан, дар замина масъалаҳои нигаронкунанда мавҷуданд. Дар хусуси барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ мехоҳам, як пешниҳодро ба миён гузорам. Ба назари ман, дар заминаи Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ва бахшҳои ҳамгуни ин марказ дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф як ниҳоди мустақилро бо унвони “Маркази миллии таҳияи барномаҳои таълимӣ ва таълифи китобҳои дарсӣ”-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд таъсис дод, ки ба ҳеҷ вазорате тобеъ набошад. Дар ин ниҳод аз миёни се насл: устодони соҳибтаҷриба, мутахассисони огоҳи воридшуда ба кори худ, ҷавонони навкор нафароне ба кор ҷалб карда шаванд, ки фаъолияташон ба омӯзишу таҳқиқи пайвастаи масъалаҳои марбут ба таҳияи барномаҳову нақшаҳои таълимӣ ва ҷалби мутахассисон ба таълифи китобҳои дарсӣ марказонида шавад. Доштани андешаи миллӣ, ҳамчун масъалаи сарнавиштсози миллӣ муносибат кардан ва дар ростои манфиатҳои миллӣ нигаристан ба масъалаҳои таҳияи барномаҳои таълимию таълифи китобҳои дарсии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ шарти муҳимму омили асосии муваффақият дар ин бахш аст.

Боварӣ дорем, ки бо таҳияи нақшаҳои таълимии мувофиқ барои донишкадаву донишгоҳҳо, ки дар онҳо саҳми фанҳои тахассусӣ аз ҳафтоду панҷ дар сад кам набошад ва бо таваҷҷуҳ ба талаботи заминавии низоми ҷорӣ ба танзим даровардани ҳиссаи сарбории омӯзгорон масъалаи “сарбории вазнини таълимии омӯзгорон” ҳал гардида, “фаъолияти самараноки илмӣ”-и онҳо таъмин хоҳад шуд.

Ҳамин тавр, дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва интихоб кардану ба камол расонидани онҳо, ҷалби ҷавонон ба илм ва ихтироъкорӣ дар пешбурди соҳаи сиёсати илм дар кишвар, такя ба дастовардҳои ҷадиди илмӣ, тарбияи кадрҳои илмию омӯзгории ҷавобгӯ ба талаботи замон, таъмини раванди робитаи илм бо истеҳсолот, ҷорӣ кардани дастовардҳои илм дар истеҳсолот, фаъолияти самарабахши кормандони маориф ва илм, ба дараҷаи посухгӯи талаботи замон баланд бардоштани натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм, диққати ҳамешагӣ ба дониши тахассусии унвонҷӯён ва сифати корҳои илмии онҳо, махсусан, диссертатсияҳо, рушди тафаккури илмӣ миёни ҷавонон аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва зарурие ҳастанд, ки дурнамои маориф ва илми кишвар ба онҳо алоқаманд аст. Дар навбати худ, масъалаҳои мазкур аз ҷумлаи вазифаҳои меҳварӣ ва муҳимме ҳастанд, ки барои рушди бомароми соҳаҳои маориф ва илми ватанӣ мусоидат карда метавонанд.

Албатта, барои анҷоми ҳамаи корҳо дар сатҳи писандидаву мақбул шароити мусоиду осудагии хотир лозим аст, ки фақат ва фақат дар муҳити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ҳифз карда мешавад. Бинобар ин, барои дастёбӣ ба чунин шароити мусоиду муҳити мувофиқ ва ҳифзу таҳкими аслҳои мазкур, инчунин, муҳофизати манфиатҳои миллӣ аз “паёмадҳои манфии равандҳои ҷаҳони муосир” аҳли маориф ва илм беш аз дигар қишрҳои ҷомеа масъулият доранд.

Мисбоҳиддини Нарзиқул,профессори ДМТ