БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО

1157

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (1207- 1273) аз нобиғагони сухан ва абармардони олами адаб, фурӯзонтарин ситорагони осмони фарҳанги Машриқзамин, дурахшонтарин чеҳраҳои шеъру адаби форсӣ ва илму адёни ҷаҳонист. 30 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммади Балхӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва баргузории конфронсу ҳамоишҳои гуногуни илмиву адабӣ таҷлил мешавад.

Имрӯз (29.09.2021) ба хотири бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бо ташаббуси кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳамоиши бузургдошти Мавлоно» доир гардид.

Нахуст декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар расми ифтитоҳи ҳамоиш суханронӣ намуда иброз намуд, ки «Таҷрибаи инсонӣ борҳо собит намудааст, ки ҳар мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро ба худ бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға намунаи олии чунин арзишҳост».

Дар ҳамоиши мазкур намояндаи бахши илми донишгоҳ, сардори ахбори илмӣ-техникӣ Абдуллозода Равшан, адабиётшинос М.Акбарзод ва профессорон М. Нарзиқул, Мақсудзода Б., М. Солеҳов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент А. Юлдошев ва Ш. Ғаффорзода оид ба ҳаёту фаъолият ва осори шоир суханронӣ карда, аҳамияти ашъор ва осору гуфтори Ҷалолиддини Балхиро дар тарбияи худшиносии ҷавонон хеле муассир ва муҳим арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқони назму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд.

Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯёни факултет аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ порчаҳои шеърӣ қироат карданд.