ДАР ШИНОХТИ ДОКТОР ВА ПРОФЕССОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲ ТАБАРОВ С.Ш..

90

Тавре иттилоъ дорем, бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12-уми декабри соли 2023, №АП-470 дар муассиаҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии Тоҷикистон соли 2024 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққиди воқеъбин, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич ҷашн гирифта мешавад. Дар робита ба ин бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ташаббуси садорати факултети филологияи Донишгоҳ Муаррифинома (Буклет) дар бораи рӯзгору осори устоди шодравон Табаров Соҳиб Шуҳратиевич омода ва нашр гардид.

Дар Муаррифинома дар баробари рӯзгору осори устод, инчунин, санаҳои муҳимми ҳаёт ва фаъолияти устод Соҳиб Табаров ва аксҳо таҳти унвони “Тасвирҳо ҳикоят мекунанд” ҷой дода шудааст.

Муаррифинома дар шинохти узви вобастаи АМИТ, профессор, мунаққид, адабиётшинос ва публитсист Соҳиб Табаров мусоидат менамояд.