ДАР СУҲБАТИ ОЛИМАИ СОҲИБНАЗАР

252

Дар доираи нақша-чорабиниҳои факултети филологияи тоҷик ҷиҳати баргузории ҳамоишҳои илмию тарбиявӣ бахшида ба рўзҳои Конститутсия, Рўзи Президент ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз дар сатҳи гуногун нишасту вохўриҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла, бахшида ба ин санаҳои таърихӣ вохўрии устодону донишҷӯёни факултет бо иштирокчии Иҷлосияи мазкур Адолат Раҳмонова доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет С. Эмомалӣ оғоз шуд.

Дар нишаст таъкид шуд, ки нақши Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими конунгузорӣва рушди давлати навини тоҷикон назаррас аст. Гуфта шуд, ки арҷ гузоштан ба хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайравӣ намудан ба корномаи ў ва омўхтану дарси ибрат гирифтан аз таърихи Иҷлосияи тақдирсоз амали шоисата дар роҳи ватандўстӣ мебошад.Дар зимн устодони донишгоҳ М.Солеҳов, Мисбоҳиддин Н., У. Сафаров, Р.Раҳмон, Н. Қаландаров, Ҳ.Раҳмон ва дигарон суханронӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки суханрониҳои меҳмони арҷманд А. Раҳмонова хеле ҷолиб ва қобили таваҷҷуҳ буда, дарси бузурги ватандӯстию хештаншиносиро мемонад.