Декан

СироҷиддиниЭмомалӣ – доктори илмҳои филологӣ, профессор, кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
5-уми марти соли 1975 дар ноҳияи Москваи вилояти Кӯлоб (ҳоло Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон) таваллуд шуда, соли 1991 мактаби миёна, соли 1996 шуъбаи рӯзонаи факултети филологияи ДМТ, соли 2001 шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Аз таърихи эҷоди романи «Восеъ» – и Сотим Улуғзода» соли 2002 , рисолаи докториро дар мавзӯъи “Таҷассуми бадеии таърих дар насри Сотим Улуғзода (солҳои 60 – 80 -уми асри xx)” – соли 2019 дифоъ намудааст.
Дар соли 2007 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ бо «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника», соли 2010 барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2016 барои тарғибу ташвиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи фарҳангу маориф бо нишони «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.
Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2001-2005 ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба тарбия; солҳои 2005-2009 ҷонишини декани факултети филологияи ДМТ оид ба таълим; солҳои 2008-2013 мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони ДМТ; аз 21.10.2013 то 06.06.2014 директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ; аз 07.06.2014 то 30.12.2014 сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ; аз 02.01. 2015 то 26.03.2016 сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДМТ; аз 26.03.2016 то ҳол декани факултети филологияи ДМТ.