Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ифтихори гиромидошти хотираи неки Зафар Мирзоён конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзуи «Инъикоси ғояҳои ватандӯстӣ, таърихшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ» рӯзи 3-юми май баргузор шуд, ки дар он адибони баруманди кишвар Абдулҳамиди Самад, Ҳақназар Ғоиб, Абдуқодири Раҳим, устодони ҳамин Донишгоҳ ва меҳмонони ҳамоиш суханронӣ карданд.
Аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устоди адабиётшинос, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ҳафиз Раҳмон дар ҷаласаи ифтитоҳии ҳамоиш суханронӣ кард.
Мавзуи маърӯзаи Ҳафиз Раҳмон “Равшангар ва шахсияти фарҳангӣ” буд. Устод бо далелҳои муътамад ва дар асоси таҳлилҳои густарда собит карданд, ки Зафари Мирзоён ҳам тавассути китобҳои гаронмояашон – “Худовандгори сухани порсӣ”, “Некон ва покон”, “Се шикасти ориёиҳо” ва ҳам ба василаи гуфторҳо дар садо ва симо ва силсиламақолоти публисистиашон рисолати ибратомӯзи рӯшангарӣ доштанд. Намешавад, ки “Шоҳнома” бигӯему исми мубораки муҳаққиқи жарфназараш Зафари Мирзоёнро ба забон наорем.
Оғози суханронии устод Ҳафиз Раҳмон аҷиб буд, ӯ порае аз ғазали Шаҳриёр ном шоири шӯридахаёлеро хонду сипас маърузаашро идома дод:
То ҳастам, эй рафиқ, надонӣ, ки кистам,
Рӯзе суроғ назди ман ойӣ, ки нестам…
Инак, мо суроғи ин донишманд омадем, афсӯс, ки ӯ нест… Аммо то замоне, ки китобҳову мақолоташ дар гардиш аст, мавриди мутолиаи мардум қарор мегирад, ӯ дар ёду хотироти миллат зинда хоҳад буд…
Конфронс аз он ҷиҳат низ хуб гузашт, ки филми мустанадеро устодони Донишгоҳ бо сарварии Шарофат Худойдодова омода карда, дар оғози ҳамоиш манзури ҳозирин карданд.