Дар факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар остонаи ҷашни Истиқлоли кишвар маҳфили илмию адабии “Шеър ва ҷомеа” бо ҳузури Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, донишманди фарҳехта Рустам Ваҳҳобзода баргузор шуд.
Маҳфилро декани факулта, профессор Сироҷиддин Эмомалӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид ва ҳадафи ҳамоишро шарҳ дод.
Аслан андешаи баргузории маҳфили вижа ба ифтихори барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи устод Рӯдакӣ шудани устоди каломи бадеъ, шоири хушному соҳибсабк Рустам Ваҳҳобзода дар кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ пайдо шуд.
Дар ҷаласае мудири кафедра Қарори Муҳаммадизода пешниҳод кард, ки ба истиқболи 33-солагии Истиқлол ва ба ифтихори сазовор шудани устод Рустам Ваҳҳобзода ба ҷоизаи баланди адабӣ маҳфили махсус барпо шавад ва устоди сухан аз ашъори ватания ва иҷтимоии хеш қироат кунад…
Қарор шуд, ки дар аввал банда роҷеъ ба ҳусниёт ва арзишҳои адабиву эстетикии шеъри Рустам Ваҳҳобзода маърӯза кунам ва баъдан худи устод боқии вақт шеърхонӣ кунад.
Ҳамин тавр, маҳфил хеле зебову бошукӯҳ гузашт, ибтидо аз номи кулли устодони донишкада декани факулта Рустам Ваҳҳобзодаро табрик карданд.
Банда мухтасар аз ҳунари шоирии устод ва фаъолиятҳои иҷтимоияшон (бо таҳлили як даста ашъори навашон) суҳбат кардам. Сипас устод аз сифату хосиятҳои шеър сухан оғоз карда, аз ашъорашон намунаҳо қироат карданд.
Зимнан бояд гуфт, ки дар таърихи Донишгоҳи миллӣ ҳамагӣ ду кас сазовори ин ҷоизаи муътабар шудаанд: зиндаёд Шарифҷон Ҳусейнзода (соли 1982) ва Соҳиб Табаров (соли 2010).
Устод Рустам Ваҳҳобзода севумин устод ва эҷодкору муҳаққиқест, ки бо ин ҷоизаи олӣ дар соҳаи адабиёт мушарраф гардиданд.
Воқеан, ифтихори Донишгоҳи миллӣ ҳастанд устод Рустам Ваҳҳобзода!Умрашон дароз ва мурғи илҳомашон ҳамеша дар парвоз бод!
Ҳафиз РАҲМОН,
06.09. 2024