Мавлонзода Шуҳрат Мавлон – номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
18-уми майи соли 1983 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шуда, соли 2001 мактаби миёна, соли 2006 факултети филологияи тоҷик, соли 2010 шуъбаи ғоибонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда, рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Хусусиятҳои морфологии забони ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф» соли 2011 дифоъ намудааст.
Барои хизматҳои бенуқсон дар соҳаи илму маориф бо“Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Ифтихонома”-и Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.
Фаъолияти ҷамъиятию роҳбарӣ: солҳои 2008-2014 котиби илмии кафедраи забони адабии муосири тоҷики факултети филологияи ДМТ;
Аз соли 2011 раиси Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони факултети филологияи ДМТ; аз соли 2016 то ҳол муовини декан оид ба таълими факултети филологияи ДМТ.
Домой Муовини декан оид ба таълим