НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

300

Дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои ректори донишгоҳ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо коллективи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ректори донишгоҳ бо коллективи факултети филологияи тоҷик вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ, аз ҷумла барои назорати ҷиддӣ намудан аз раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ҷалби магистрон барои навиштани маводҳои илмӣ ва омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ (“Фурӯғи субҳи доноӣ…”; “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”) дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Ҳамзамон, устоди факултет Ҳафиз Раҳмон дар робита ба беҳтар намудани самтҳои гуногуни илму таълим пешниҳоди судманд намуд.