ОБ ОМИЛИ КАЛИДӢ ДАР РОҲИ МУТТАҲИДСОЗИИ ХАЛҚУ МИЛЛАТҲОСТ

217

Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба эълон намудани соли 2003 – Соли оби тоза, солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт», соли 2013 – Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 ва Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ садо доданд, ки нисбат ба ин ташаббусҳо қарорҳои дахлдори Созмони Миллали Муттаҳид қабул гардиданд. Яке аз ташаббусҳои беназири Тоҷикистон, ки айни ҳол давраи амали он ҷараён дорад, ин даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 мебошад, ки дар ҳошияи ин ташаббус ибтикороти хоса идома дорад.

Дар партави ҳамин даҳсолаи амал аз санаи 21 то 24 марти соли 2023 дар қароргоҳи СММ (шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) Конфронси СММ оид ба шарҳи фарогири миёнамуҳлати ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” баргузор гардид. Боиси сарафрозии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки ин чорабинии муҳимми сатҳи ҷаҳонӣ таҳти раисии Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.

Имрӯз (06.04.2023) масъалаҳои сиёсӣ, дипломатӣ, байналмилалӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва миллии ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар семинари таҳлилии Донишгоҳи миллӣ аз ҷониби коршинос Абдуллои Раҳнамо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар оғоз ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар мавриди муҳимияти ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баргузории Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 беназир ва беҳамто мебошад.

Сипас коршинос Абдуллои Раҳнамо ҷанбаҳои гуногнуни ташаббуси навбатии Тоҷикистонро мавриди назар қарор дода, аз ҷумла таъкид шуд, ки вазъи захираҳои обӣ дар Сайёра, махсусан оби тоза зери таъсири амиқи таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, тамоюли шаҳрнишинӣ ва саноатикунонӣ сол то сол муташанниҷ гардида истодааст. Таъкид шуд, ки ҳамаи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон мустақиман ба об вобастагӣ дорад. Гуфта шуд, ки барои ноилшавӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла ҳадафи 6-ум ва дигар ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи байналмилалии марбут ба об зарур аст, ки талошу амалҳои худро дар оянда низ дар ин самт афзоиш диҳем.

“Конфронси сатҳи ниҳоят баланд, ки ба мушкилоти истифодаи самараноки захираҳои обӣ бахшида шуда буд, пеш аз ҳама, сар карда аз кӯҳҳо, пиряхҳо ва дарёҳои сермаҷро дар кишвари зебоманзари Тоҷикистон, то резишгоҳи дарёҳо, соҳили баҳр ва ҷазираҳои Шоҳигарии Нидерланд масъалаҳои гардиши обро баррасӣ намудаанд. Ин аст қудрати бузурги захираҳои обӣ, ки қитъаҳо, кишварҳо, минтақаҳо, фарҳангҳо ва ҳатто тамаддунҳои гуногуни ҷаҳонро бо ҳам мепайвандад, ки як омили калидӣ дар роҳи муттаҳидсозии халқу миллатҳо мебошад”- гуфта шуд дар семинар.

Дар зимн гуфта шуд, ки аз ҳама нигоҳ: сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва ғ. ташаббуси навбатии Тоҷикистон судманд ва боиси ифтихор аст. Ин ташаббус бояд аз ҷониби мутахассисони самтҳои мухталиф хуб ва ҳадафрас шарҳ ёбад. Дар хотима дар робита ба масъалаҳои гуногуни обу иқлим саволу ҷавоб сурат гирифт.