• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 5
Чанде қабл Халмурадов Рустам Ибрагимович - ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов бо қарори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба унвони «Доктори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» сарфароз гардид. Ин иқдом дар доираи ташаббусҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ миёни ду кишвар ва...
Бо мақсади арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, маҳорати баланди суханварию сухандонӣ, завқи баланди китобхонӣ, захираи луғавӣ ва қобилияти эҷодии донишҷӯдухтарон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон байни донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ таҳти унвони «Ҳар он кас ки Шоҳномахонӣ кунад...» озмуни ҷумҳуриявӣ...
Ҳамасола дар шерозаи зодрӯзи шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои илмию адабии ҷумҳурӣ маҳфили «Турсунзодахонӣ» баргузор мегардад. Имсол дар бахши аввал субҳгоҳон устодону шогирдони факултетҳои филологияи тоҷик ба зиёрати оромгоҳи шоир ба Лучоби...
Ҳар падидаи нав дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон манзури ҷомеа мешавад ва табиист, ки вокунишу таассурот низ ба вуҷуд меорад. Устод Ҳафиз Раҳмон зимни таълими адабиёти тоҷик ва ҷаҳон тарзи нави дарсро ҷорӣ кардаанд ва ният доранд, ки дар семинарҳои адабиашон худи адибон низ ширкат кунанд. Дар...
Ҳақ ба ҷониби адиб ва донишманди немис И.Р.Бехер аст, ки мегӯяд: «Адабиёти воқеан миллӣ танҳо ба шарофати робитаҳои пурсамар бо адабиёти халқҳои дигар ба миён омада, камол меёбад». Воқеан, гузаштаи аҳли башар гувоҳи он аст, ки дар масири тайшуда, ҳеҷ халқу миллатҳои дунё ҳам ҷудо ва дар танҳои рӯзгор надоштаанд. Вобаста ба ин ҳеҷ як адабиёт...
Имрӯз дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм бо устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулин зикр намуданд, ки терроризм ва экстремизм танҳо таҳдид ба амнияти миллӣ нест, балки ба арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва рушди ҷомеа низ хатари...
Имрӯз (28.04.2025) бо ибтикори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти унвони «Пешвои миллат ва эҳёи «Шоҳнома» ҳамчун рамзи ҳуввияти миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Конференсия дар доираи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақдими «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ...
Имрӯз, 19 апрели соли 2025, бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт – шаҳри Душанбе дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ гурӯҳи устодон ва донишҷӯёни факултетҳои мухталифи Донишгоҳ, инчунин, толибилмони литсейи мазкур иштирок намуданд. Чорабинии фарҳангӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани ифтитоҳии...
Замона тақозо мекунад, ки шакли муомила бо ҷавонон дар раванди таълими адабиёт куллан дигар карда шавад, роҳу усулҳоеро бояд ҷуст ва татбиқ кард, ки худи ҷавонон бо осори адибону шоирон шинос шаванд, асарҳоро худашон хонанд ва бо тарзи мубоҳисаву радду бадали афкор ба фаҳму дарки он ки нависанда чӣ арзишҳо ва...
Имрӯз (15.04.2025) баъд аз гулчанбаргузорӣ дар назди пайкараи устод Айнӣ маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид. Бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили 8-уми илмӣ-адабӣ таҳти унвони «Устод Айнӣ ва адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Ин чорабинии фарҳангиву илмӣ ба...

Эълонҳо

Ads