ПАЁМИ ПЕШВО: ДАР БОБИ УСУЛҲОИ НАВИ ТАЪЛИМ

276

Чунин шудааст, ки ҳамасола мардуми шарифи Тоҷикистон дар охири сол Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизор мешаванд ва аз он интизориҳое низ доранд. Интизорӣ доштан аз Паём бесабаб ҳам нест, чун дар он ҳамасола навиде ҳасту навгарие.

Паёми имсолаи Пешвои миллат низ нуктаҳои муҳимми зиёде дошт, ҳам аз корҳои сомонёфтаву дастовардҳо, ҳам нақшаву вазифаҳои оянда. Маъмулан, аз рушди соҳаҳои гуногун ва дастовардҳои назаррас дар кишвар тавассути васоити ахбори умум маълумот пешниҳод карда мешавад, аммо гоҳе ба он камтар таваҷҷуҳ мекунем. Вақте ки дар Паёми солонаи Президент ҳамаи он дастовардҳои як соли охир дар маҷмуъ бо далелу аснод манзур мегардад, беихтиёр таваҷҷуҳи шунавандаю хонандаро ба худ ҷалб мекунад, яъне Паём чун оина ҳамаро рӯ ба рӯйи мо инъикос менамояд.

Яке аз вижагиҳои Паёми Пешвои миллат ҳамеша ҷалби таваҷҷуҳи ҳамагон ба масоили ҳалталаб, нишон додани камбудиҳо, пешниҳоди роҳи ҳал ва вазифагузорӣ дар назди масъулин аст.

Чунин нуктаҳо дар Паёми имсола низ зиёд буданд ва иҷрои саривақтиву босифати онҳо, албатта, дар рушди кишвар, дар беҳтар гардидани шароити зисти мардум, дар боло рафтани мақоми Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

Яке аз нуктаҳои муҳим, ки дар Паёми имсола таъкид гардид, масъалаи такмили муносибати босалоҳият ба таълим аст. Дар Паём таъкид мегардад, ки “…бояд ба масъалаҳои аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронидани омӯзгорон, рушди таҳсилоти иловагӣ, тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа, ҷалби бештари хонандагону омӯзгорон ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, омода кардани омӯзгорон ва таҷдиди назар кардани стандартҳои касбӣ барои омӯзгорон, нозирон ва такмили муносибати босалоҳият ба таълим эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад”. Ҳар як нуктае, ки дар ин иқтибос зикр гардидааст, бешак, калидӣ аст, аммо месазад, ки ишора ба масъалаи такмили муносибати босалоҳият ба таълимро алоҳида таъкид намоем. Мафҳуми мазкур дар ҷомеаи мо танҳо солҳои охир каму беш дар зеҳну забонҳо чарх мезанад ва дар баъзе муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ кӯшиши рӯй овардан ба усули мазкур ба назар мерасад. Мутаассифона, на ҳамеша ва на дар ҳама ҷо ба моҳияти масъалаи мазкур дуруст сарфаҳм мераванд ва агар дар ин самт фаъолияте ҳам дида шавад, аз сабаби муносибати сатҳӣ ба масъала на ҳамеша натиҷаи дилхоҳ ба даст омадааст. Аз ин нуқтаи назар, таъкиди Пешвои миллат дар мавриди такмили муносибати босалоҳият ба таълим хеле муҳимму саривақтист.

Аслан, муносибати босалоҳият ба таълим чист? Агар хеле кӯтоҳ ва сода шарҳ диҳем, муносибати босалоҳият ба таълимро гузаштан аз низоми муаллиммеҳвар ба низоми хонандамеҳвар дар дарс гуфтан мумкин аст. Дар низоми анъанавӣ одат шудааст, ки ҳар чизи навро муаллим пешниҳод кунад, дурустиву нодурустиро танҳо муаллим муайян кунад ва хонандагон танҳо дар маҳдудаи супоришҳои муаллим амал намоянд. Ин ҳолат хонандаро то андозае танбал намуда, дар рушди тафаккури ӯ зиёд мусоидат намекунад. Дар низоми муносибати босалоҳият ба таълим масъулияти хонанда бештар аст. Ин низом хонандаро ба ҷустуҷӯву таҳлил ва хулосабарорӣ водор мекунад. Ба хонандагон имкон дода мешавад, ки дар рафти дарс дар атрофи мавзуъ ва ҳалли масъалае бо ҳамдигар иртибот дошта бошанд, баҳс кунанд, ҷавоберо интихоб кунанду бо далелҳои худ онро собит намоянд. Муаллим онҳоро танҳо роҳнамоиву арзёбӣ мекунад ва дар ҳолати зарурӣ ёрӣ медиҳад. Ба ин шакл баргузор шудани дарсҳо, бешубҳа, дар рушди тафаккури хонанда ва соҳибандешаву сухангӯ гардидани ӯ мусоидат хоҳад кард. Интизории дигар аз низоми муносибати босалоҳият ба таълим ин аст, ки хонанда дониши назариявии худро дар амал татбиқ намуда тавонад. Масалан, аз натиҷаҳои омӯзиши фанни забони тоҷикӣ намуна ин буда метавонад, ки суфтаву равон сухан гӯяд, бо вуҷуди азёд надонистани қавоиди дастури забон аз воҳидҳои забон дуруст истифода кунад ва андешаҳои хешро мураттабу мантиқӣ ва бехато рӯйи коғаз оварда тавонад ва амсоли ин.

Таъкид бояд намуд, ки гузаштан ба низоми муносибати босалоҳият ба таълим зарурати таҳияи китобҳои дарсии насли нав, ҳамчунин, дафтарҳои кории хонандаро ба миён мегузорад. Ин масъала низ дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардидааст: “Зарур аст, ки… муҳити мусоид барои дастрасӣ ба таҳсилот, таълиму тарбияи самарабахш, таълифи китобҳои дарсии насли нав, баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳлил ва арзёбии раванди таълиму тарбия ва беҳтар кардани инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шавад”. Вобаста ба ин масъала низ, вақти он аст, ки ҳамқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ бошем ва баҳри қафо намондан аз ин ҷомеа бояд ҳар чи бештар кӯшиш намоем.

Камолзода Х.М.,н.и.ф., мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ