Имсол дар кишвари азизамон – Тоҷикистон 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҷашн гирифта мешавад. Ин тадбир дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, доир мешавад.
Ба ин муносибат аз ҷониби адабиётшиносон дар робита ба ҳаёт ва фаъолияти Соҳиб Табаров – узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ китобҳои нав ба нашр мерасанд.
Чунин китоб аз ҷониби устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Наврӯз Қаландаров бо унвони “Соҳибхирад” аз чоп баромад. Китоб аз ду боб – “Шинохти мақоми адабиётшиносии Соҳиб Табаров” ва “Инъикоси шахсияти Соҳиб Табаров дар бархе аз маводи сӯгворӣ” иборат буда, маводи гирдоваришуда дорои аҳаммияти илмӣ ва таълимию тарбиявӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки китоби “Соҳибхирад” бо мазмуну муҳтаво ва хусусиятҳои тарбиявию иттилоотӣ худ туҳфаи муносибест ба ҷашни фархундаи суханшиноси барҷастаи давраи нави тоҷик Соҳиб Табаров.