ТАҶЛИЛИ БОШУКУҲИ РӮЗИ ПОЙТАХТ ДАР ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ

17

Имрӯз, 19 апрели соли 2025, бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахт – шаҳри Душанбе дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ гурӯҳи устодон ва донишҷӯёни факултетҳои мухталифи Донишгоҳ, инчунин, толибилмони литсейи мазкур иштирок намуданд.

Чорабинии фарҳангӣ бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани ифтитоҳии декани факултети филологияи тоҷик, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Баъдан, муовини ректори ДМТ оид ба тарбия, дотсент Маҷидзода Д. суханронӣ намуда, иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи кишварро аз номи раёсати Донишгоҳ бо Рӯзи пойтахт самимона табрик гуфт.

Қисми дигари чорабинӣ бо қироати шеърҳои ватандӯстона идома ёфт, ки аз ҷониби устодону донишҷӯён ва толибилмони Литсей бо эҳсосу муҳаббати хос ба Ватан иҷро гардиданд. Дар бахши фарҳангии чорабинӣ ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳ бо иҷрои таронаҳои дилнишин фазои идонаи чорабиниро шукуҳи бештар бахшид.