ВОХӮРИИ СУДМАНД ОИД БА МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

23

Имрӯз дар факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм бо устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултет баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулин зикр намуданд, ки терроризм ва экстремизм танҳо таҳдид ба амнияти миллӣ нест, балки ба арзишҳои маънавӣ, фарҳангӣ ва рушди ҷомеа низ хатари ҷиддӣ дорад. Онҳо таъкид карданд, ки нақши омӯзгорон дар боло бурдани маърифати сиёсӣ ва таҳкими эҳсоси ватандӯстии ҷавонон калидӣ ва муассир мебошад.

Намояндагони гурӯҳи корӣ – Дӯстзода Ҳ. ва М. Давлатов дар суханрониҳои худ тавсияҳо ва пешниҳодҳои муфид ироа намуда, ҳозиринро ба саҳмгузорӣ дар таҳкими сулҳу субот ва мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз қабили ифротгароӣ ва тундгароӣ, даъват карданд.

Ин вохӯрӣ дар доираи татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм барои солҳои 2021–2025 баргузор шуда, ҳадафи он таъмини амният, суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошад. Баргузории чунин чорабиниҳо аз аҳамияти хос бархӯрдоранд ва ҳамчун заминае барои боло бурдани сатҳи огоҳии ҷомеа дар масоили амниятӣ хидмат мекунанд.