Имрӯз модари тоҷик бо сари баланд ифтихор дорад, ки ба монанди Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулфазли Балъамӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имом ал-Бухорӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯнасри Форобӣ, Муҳаммад Мӯсои Хоразмӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абӯисои Тирмизӣ, Камолиддини Беҳзод, Сайидои Насафӣ, Носири Бухороӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода садҳо фарзандони фарзона, нобиғагони бузург ва номбардорони миллати худро ба дунё оварда, дар домани муҳаббати поки худ парваридааст ва онҳоро ба хизмати башарият додааст.
Пешвои Миллат
Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад дар яке аз ҳадисҳои худ мефармояд: “Чаҳор чиз саодати шахс аст: ҳамсари шоиста, фарзандони хайрхоҳ, рафиқони хуб ва рӯзӣ дар Ватан”.
Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода созанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хона дон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
“Қалби модар зеботарин ва ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд аст, ҳатто дар рӯзгоре, ки мӯйҳои фарзанд сафед шуда бошанд”.(Стефор)
‘Мо барои озодии миллат ва ободии кишвар, пеш аз хама ба модарони солиму огоҳ ниёз дорем”.(Наполеон)
“Ҳамду Сано бод ба зан, ба модар, ба сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар”.(М.Горкий)
Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо модари пирам,
Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,
Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,
Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,
Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!
Наёбад чашми камбинат ба ҷустан чашми сӯзанро,
Биларзад дасти пурэъҷози ту дар қабзаи пирӣ,
Валекин боз медӯзӣ ту дастархони гулдӯзӣ,
Ки рӯзи маърака дар байни мардум обрӯ гирӣ,
Чи дунёест дунёи умеди ту,
Аё модар, аё модар!
Ниҳону пардагӣ бигзашт даврони ҷавоният,
Ҳаётат дар гуселу пешвози зиндагӣ тай шуд.
Бикун бо гӯшаи қарси сафедат пок ашкатро,
Ба дунё одамӣ як бор меояд ба пои худ…
Ба оҳи тобнокат аз куҷо акси садо ҷӯӣ,
Лоиқ Шералӣ
Абдусамадов Ҷаҳонгир, донишҷӯйи курси 3-юми факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон