БУЗУРГДОШТИ ШЕЪРИ БОЗОР СОБИР

14

Имрӯз (20.11.2025) ба ифтихори бузургдошти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ чорабинии бошукуҳи адабӣ таҳти унвони «Рӯзи шеъри Бозор Собир» доир гардид.

Дар маҳфил аз ҷониби устоди Донишгоҳ, доктори илмҳои филология, профессор Шарифзода Б. саҳми Бозор Собир дар таҳаввули шеъри муосир, ҷараёни эҷодӣ, зиндагиномаи шоир ва маънои иҷтимоиву фалсафии ашъори ӯ баррасӣ гардид.

Дар қисмати дигари ҳамоиш донишҷӯён намунаҳои беҳтарини ашъори Бозор Собирро бо эҳсоси баланд қироат намудаанд.

Ба ҷуз ин, намоиши махсуси аксҳо, суханрониҳои видеоии шоир ва порчаҳо аз мусоҳибаҳои ӯ намоиш дода шуд, ки ба чорабинӣ ранги хотирмон бахшид. Дар фарҷом меҳмонон-иштирокчиён хотираҳои худро дар бораи шиносоӣ бо ашъори шоир, нақши шеърҳои ӯ дар ташаккули завқи маънавии ҷавонон ва таъсири осори Бозор Собир ба ҷомеа баён карданд.

Таъкид шуд, ки бузургдошти рӯзи таваллуди шоир барои арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи фарҳанги хониши шеър дар байни насли нав аҳаммияти хосса дорад.