ҲИКМАТИ СУХАН ВА РИСОЛАТИ ШОИР

11

Имрӯз (21.01.2026) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии фарҳангиву адабии «Хирадманд» бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода Алимуҳаммад Муродӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил устодону муҳаққиқон ва дӯстдорони шеъру адаб иштирок намуда, фазои гарму самимии адабиро фароҳам оварданд.

Маҳфилро декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар баланд бардоштани ҳудшиносию худогоҳии миллӣ нақши муассир доранд. Ба таъкиди ӯ, эҷодиёти устод Алимуҳаммад Муродӣ ба масъалаҳои муҳимми ҷомеа бахшида шуда, арзишҳои маънавию ахлоқиро тарғиб менамояд.

Зикр гардид, ки дар партави сиёсати фарҳангдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати эҳтиром ва қадршиносии аҳли сухан, баргузории чунин ҳамоишҳо муҳим ва саривақтӣ буда, ба ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ мусоидат мекунанд.

Меҳмони маҳфил зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳ ва эҳтироми раёсати Донишгоҳи миллӣ ва устодон ба шахсияти ӯ изҳори сипос намуда, перомуни мавзуъҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон андешаҳои ҷолиб баён кард. Ӯ нахуст аз рӯзгору осор ва марҳилаҳои фаъолияти эҷодии худ мухтасар қисса намуда, аз ҷумла таъкид кард, ки аввалин навиштаҳояш дар рӯзномаҳои даврӣ ба табъ расидаанд.

Дар идомаи суҳбат, устод доир ба муҳтаво ва таърихи офариниши баъзе аз осораш сухан гуфта, мавзуъҳои онҳоро инъикоси воқеиятҳои гузашта ва имрӯз арзёбӣ намуд. Сипас, аз маҷмуаҳои ашъораш чанд порчаи шеъриро қироат кард, ки мавзуъҳои Ватан–Модар, сулҳу ваҳдат, оромию ободӣ ва дигар арзишҳои волои инсониро фаро мегирифтанд.

«Мо бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошем. Унсурҳои ахлоқие, ки дар тули ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаанд, гум накунем. Ҷаҳонбинӣ бояд васеъ бошад, аммо ахлоқ фаромӯш нашавад», – таъкид намуд устод Алимуҳаммад Муродӣ.

Дар ҷараёни маҳфил профессори Донишгоҳ Аламхон Кӯчарзода ва адабиётшинос Ҳафиз Раҳмон перомуни эҷодиёти шоир, даврони ҳамсабақӣ ва хотироти донишгоҳии худ сухан гуфта, осори пурғановати ӯ, аз ҷумла маҷмӯаҳои «Дастниҳол», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Роҳи рӯҳ», «Хайрбоди баҳор», «Моҳи хусрав»-ро намунаи барҷастаи адабиёти муосири тоҷик арзёбӣ намуданд.

Дар анҷом устод Алимуҳаммад Муродӣ ба ташкилкунандагони маҳфил барои баргузории чунин ҳамоиши пурмазмун арзи сипос намуд.

Қобили зикр аст, ки барномаи фарҳангии маҳфил бо иштироки сарояндагони маҳбуби кишвар, аз ҷумла устоди санъат Файзалӣ Ҳасан, Ҷумахон Сафар ва ҳунармандони ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ идома ёфта, бо сурудҳои дилнишин ба ҷараёни маҳфил ҳусни тоза бахшид.