(Чанд рубоёт аз китоби «Аз дастҳои наҷобату гулрез (Силсилаи рубоиёт)-и устод Аламхон Кӯчарзода)
Ай шаҳри Душанбе, гул ба домони ту бод,
Ҳам шарбату шаҳди ноб дар хони ту бод.
Сарриштаи зиндагии гулкори диёр,
Пайванди вафо ба риштаи ҷони ту бод.
________________________________________________
Гулкор, ки сер нашуд аз рӯйи замин,
Бо дидаи меҳр бингарад сӯйи замин.
То хоки Ватан поку мубарро бошад,
Чун духтаракаш шона кунад мӯйи замин.
________________________________________________
Ҳамшираи гулкор чу гавҳар пок аст,
Атраш зи гулобу сурмааш аз хок аст.
Бе ӯ набудӣ ҳусни дилорои замин,
Гӯӣ, ки фаришта аз дили афлок аст.
________________________________________________
Дидам писаре нишаста андар бари гул,
Мегуфт ба ҷӯрааш: «Манам додари гул».
Бар пурсиши ҷӯра гуфт: «ӯ гулкор аст,
Ҳам модари ман бошаду ҳам модари гул».
________________________________________________
Гулкор ба хоки пок дамсозӣ кунад,
Гул саҳни чаман карашмаву бозӣ кунад.
Садбарг миёни сабзаву себарга,
Чун духтари тоҷик сарафрозӣ кунад.
________________________________________________
Гулкор чу борон оби раҳмат борад,
Меҳре, ки дар ӯст, бӯйи модар дорад.
Барге, ки ба зери по бувад фасли хазон,
Гулкор варо ба доманаш бардорад.
________________________________________________
Гулкор табиб аст, табиби башар аст,
Асбоби раҳаш тешаву досу табар аст.
Аз субҳ ҷило диҳад чу истораи рӯз,
То шоми сияҳ радифи шамсу қамар аст.
________________________________________________
Гулкор, муҳаббат аст дар симати ту,
Файз асту садоқат аст дар ҳимати ту.
Чун ходими адлу дод андоза гирад:
Бар хирмани тилло баркашад қимати ту.
________________________________________________
Эй дӯст, сухан зи мӯйи сар бисёр аст,
Кам росту басе дурӯғ дар гуфтор аст.
Ойини ҷавонмардӣ зи гулкор омӯз,
К-аз субҳ ба вақти шом банди кор аст.