ҲАМКОРИҲОИ ФАКУЛТЕТ БО ДОНИШГОҲҲОИ АФҒОНИСТОН

338

Дар натиҷаи ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина боздид аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф густариш меёбанд. Имрӯз (08.04.2021) дар заминаи ин ҳамкориҳо ҳайати Донишгоҳи Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Муҳаммад Қосим Ориё ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо ректори ДМТ, порфессор Хушвахтзода Қ.Х. мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҷонибҳо дар самти рушд бахшидани муносибатҳои илмию эҷодӣ, шиносоии комил аз вазъи татбиқи шартномаҳо, инчунин, ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ҳамкорӣ ва мустаҳкам намудани робитаҳои илмию таълимии ДМТ бо Донишгоҳи Бадахшони Афғонистон (ДБА) табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон, зимни сафар меҳмонон ба факултети филологияи донишгоҳ ташриф оварда, бо декани факултет, доктори илмҳои филологӣ, профессор С.Эмомалӣ мулоқот анҷом дода, дар робита ба рушди ҳамкориҳои илмию эҷодӣ пешниҳодҳои судманд намуданд.

Ёдовар мешавем, ки пас аз мулоқотҳо меҳмонон ва масъулони донишгоҳ аз Маркази биотехнология, Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзодаи факултети филология, инчунин, Осорхонаи Пешвои миллат дар донишгоҳ боздид намуданд.