ҲАМОИШИ БАДЕӢ ДАР РОБИТА БА БУЗУРГДОШТИ РӮДАКӢ

31

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол самари сиёсати ватандӯстона ва фарҳангпарваронаи Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо ҳадафҳои худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, рӯ овардан ба асолати маънавии худ пайгирӣ карда мешавад. Ва ин беҳуда нест, зеро номи дурахшони Рӯдакӣ, шеъри оламшумули ӯ воқеан ҳуҷҷати ифтихори миллии на танҳо мо, тоҷикон, балки ҳама форсизабонони дунёст. Ба ин муносибат, имрӯз (21.09.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши бадеӣ бахшида ба бузургдошти Рӯзи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э.С. ва ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Сухани ифтитоҳиро ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. оғоз намуда, ҳозиринро бо ин ҷашни давлатӣ шодбош гуфта, қайд намуданд, ки “Ифтихори миллии мо тоҷикон аст, ки маҳз ин абарустоди сухан Одамушшуаро, Асосгузори адабиёти форсу тоҷик, падари шеъри порсӣ эълон гардидааст. Дар олами илму адаб эътироф гардидаву собит шудааст, ки маҳз устод Рӯдакӣ бо каломи безаволи худ, ки дар он ғояҳои баланди инсониву башариро сурудааст, бунёди меъёри солими забони ноби адабии тоҷикӣ-форсиро гузоштааст, ки минбаъд бар зербуни он тамоми адабиёти пурифтихор ва дар олам эътирофгардидаи классикиву имрӯзии мо бегазанд қомат афрохт.

Сипас, доктори илмҳои филологӣ, профессори факултети филология Мирзо Солиев оид ба ҳаёт ва фаъолияти устод Рӯдакӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки аз хидматҳои беҳамтову безаволи дигари устод Рӯдакӣ ин аст, ки маҳз дар осори гаронмояи ӯ бунёди тамоми жанрҳои маъмулу маъруфи адабиётамон, мисли ғазал, қасида, маснавӣ, дубайтиву рубоиву қитъа гузошта шудааст.