БА РАВИЯҲОИ ОМӮЗГОРӢ ТАВАҶҶӮҲИ ВИЖА БОЯД КАРД…

263

Имрӯз дар доираи нақшаи баргузории вохӯриҳои роҳбарият бо коллективи ДМТ ректори онишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо коллективи факултети филологияи тоҷик вохӯрӣ намуд. Дар вохӯрӣ самтҳои мухталифи фаъолияти факултет мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки дар самтҳои гуногун, аз қабили интизоми меҳнат, раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯёни равияи омӯзгорӣ, назорати дафтарҳои таҷрибаомӯзӣ, мавзӯи корҳои дипломӣ, тақсимоти дурусти соатҳои фаъолу ғайри фаъол, фаъолияти созмонҳои ҷамъиятии занон, ҷавонон ва сарпарастон мушкилиҳо дида мешавад, ки бартараф кардани онҳо ба рушди факултет мусоидат менамояд.

Ректори донишгоҳ дар самти баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва тавассути маҳфилҳои илмӣ-маърифатӣ ҷалб намудани донишҷӯён ба олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ тавсеаҳои судманд дода, садорат ва коллективи факултетро дар ин самт вазифаҳои мушаххас дод.