БИРАВ, ЗИ ТАҶРИБАИ РӮЗГОР БАҲРА БИГИР…

638

Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар донишгоҳ

Имрӯз дар саросари кишвар Рӯзи поягузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Ба хотири гиромидошти «Одамушшуаро» бо ташаббуси кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик дар толори Ганҷинаи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Ҳамоиши бузургдошти Рӯдакӣ» бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон аз дигар макотиби олии кишвар доир гардид.

Нахуст декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ дар расми ифтитоҳи ҳамоиш суханронӣ намуда иброз намуд, ки «Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост».

Дар ҳамоиши мазкур намояндаи донишгоҳ сардори ахбори илмӣ-техникӣ Абдуллозода Равшан ва профессорон Низомӣ М., М. Нарзиқул, Мақсудзода Б., М. Солеҳов, номзади илмҳои филологӣ, дотсент А. Юлдошев оид ба ҳаёту фаъолият ва осори шоир суханронӣ карда, аҳамияти ашъор ва осори устод Рӯдакиро дар тарбияи худшиносии ҷавонон хеле муассир ва муҳим арзёбӣ намуданд.

Қайд гардид, ки мактаби бузурги шоирие, ки бунёдгузори адабиёти форсу тоҷик ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тӯли садсолаҳо метавон аз ин мактаб сабақҳо бардошт.

Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯёни факултет аз ашъори устод Рӯдакӣ шеърҳо қироат карданд.