Бузургдошти Рӯдакӣ

474

Ҳамасола 22-юми сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абӯабдулло Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат бо ибтикори садорати факултети филологияти тоҷик ва кафедраи таърихи адабиёти тоҷик конференсияи илмӣ- амалии донишгоҳӣ таҳти унвони «Ҳамоиши бузургдошти Рӯдакӣ» баргузор шуд, ки дар он устодону донишҷӯёни факултет ва дӯстдорони шеъру сухан иштирок доштанд.

Ҳамоиш бо сухани муқаддимавии Мисбоҳидин Н. – мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷик оғоз ёфта, сипас номзади илмҳои филологӣ, дотсент М.Солеҳов дар мавзӯи «Калила ва Димна» дар ривояти Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент А.Юлдошев оид ба мавзӯи «Нигоҳе ба мушаххасоти образи мард ва шеъри Рӯдакӣ ва ҳамзамонони ӯ» маърӯза намуданд. Дар ҷараёни ҳамоиш устодон перомуни рӯзгору осори устод Рӯдакӣ сухан гуфта, донишҷӯёни факултет намунаҳое аз ашъори устод Рӯдакиро қироат карданд.

Шарифзода Ҷ.