“ГАНҶИ СУХАН”

136

Имрӯз (18.12.2023) бо ташаббуси кафедраи таърихи забон ва типологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмии навбатии “Ганҷи сухан”, ки баррасии масъалаҳои забоншиносии компютериро дар бар мегирифт, бо иштироки корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илми филология Толиби Розӣ ва мудирону устодони кафедраҳои факултети филология баргузор гардид. Дар семинари мазкур устод Толиби Розӣ дар мавзуи “Забоншиносии компютерӣ:дастовардҳо ва чашмандозе ба ояндаи соҳа ” баромад карданд. Дар анҷом миёни донишҷӯёну устодон суолу ҷавоб сурат гирифт.