ХУШҲОЛӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

232

…Мо одат кардаем, ки лаҳазоти хушро дар хӯрдану ошомидан, шунидани мусиқаи гуворо, пазируфтани туҳфаи гаронарзиш, нишаст бо дӯстони наку, нашри китоб, мафтун шудан ба чеҳраи зебо ва даҳҳо вазъияти ба инҳо шабеҳ дарк мекунем, яъне ҳамеша натоиҷи кору амалҳоро дар назар дорем. Чизи муҳим аз диди мо беэътибор мешавад: андеша дар хусуси он ки чиҳо моро ба ин корҳо таҳрик медиҳад, ангезаҳое, ки ин ҳолоти шавқиро дар мағз бедор мекунад ва дар умум – сабабу сарчашмаҳо…

Ҳамон Нитше, ки дар боло гуфтори ӯро иқтибос кардем, гуфтори дигаре ҳам дорад, ки муносиби ҳоли фикри ҳаминлаҳзаи мост. Ӯ мегӯяд, ки тӯли торихи тӯлонии башарият кирдори инсонҳоро ҳамеша аз чигунагии натиҷаи он кирдор баҳо медоданд. Аз саргаҳу манбаъи он чизе намегуфтанд. То кунун дар Чин (Нитше замони зиндагии худро дар назар дорад) русвоию хушномии фарзандро аз волидон мебинанд. Ин марҳаларо Нитше давраи то зуҳури ахлоқ ном мебарад, замоне, ки шиори “худро бишнос”-и юнониҳоро нишонаш набуд. Дар тӯли даҳ ҳазор соли ахир башарият ба ин ақида расид, ки арзиши ин ё он кирдорро на аз рӯйи натиҷа, балки сабабу сарчашмаи он баҳо додан лозим ва онро нахустин иқдоми худшиносӣ гуфтан мумкин аст…

Ин андешаи Нитше хеле тӯлонист ва ҳар каси ба фалсафа хоҳишманд метавонад идомаи онро дар рисолаи машҳури ин мутафаккир бо унвони “Дар он сӯйи некиву бадӣ” мутолиа бикунад. Сухан аз моҳияти лаҳзаи хуш мерафт ва мо ба ин назарем, ки наметавон ба хуштарин хушиҳо расид, то он даме, ки кас сари андеша ба аҳволи воқеии худ фуруд наорад ва то он вақте ки ин корро мекунад, ба дӯши ӯ андӯҳи гароне бор хоҳад шуд: ин ҳамон ҳузну андӯҳест, ки дар қалби инсон баъдан софкорие ҳосил мекунад ва заврақи эҳсоси инсонро мебарад то соҳили хушҳолӣ…

Хушҳолиҳое, ки аксар мепиндоранд (хӯрду нӯшу хобу бӯсу канору фароғат дар оғӯши табиат) умри як мижжа заданро доранд ва бузургон дуруст гуфтаанд, ки ҳар чизе кӯтоҳумр аст, кирои оҳу афсӯс хӯрдан намекунад. Танҳо илму ҳунар аст, ки хушиҳоро идомадор мекунад ва аз инҳо ба эътибори он ки эҳсосоти мо ҳамеша ниёз ба зебоиҳо дорад, ҳунар (минҷумла адаби бадеӣ) афзалтар менамояд: чун асли ҳунар муҳокоти табиат аст ва ҳама чизе, ки дар табиат зебост. Пас, лузуми муҳокот андозаву таносуб аст. Ин ду меъёри муҳим аз ҳама беҳтар дар адаби ҳунарӣ (бештар дар шеър) зуҳур мекунад.

Ҳанӯз замонаш Гегели бузург мегуфт, ки эҳтиёҷи шадиди одамро ба олами ҳунар се чиз муқаррар мекунад, ки яке хоҳиши одам барои ошноӣ бо фарҳангу маънавияти гуногуни олам аст, дигаре – маърифати худи ӯст (дунёи зоҳиру ботинаш) ва савум – инсон доиман мехоҳад аз муҳити муқарарриаш дур нарафта, таассурот ва эҳсосоти наву тоза ба даст биёрад…

Банда моҳияти хушҳолиро ҳамин гуна дарк мекунам…

(Иқтибос аз саҳифаи фейсбукии Ҳафиз Раҳмон)