ҲИФЗИ ЗАБОН ВА АРҶГУЗОРӢ БА ХИДМАТИ БУЗУРГОН

285

Забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст, миллат бе забон мисли парандаи бе болу пар аст, ки парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст. Дӯст доштани забон – ин дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ аст.

Эмомалӣ Раҳмон

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории тоҷикон имкониятҳои мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам овард. Бо ин роҳ мо тавонистем як қатор масъалаҳои аз мадди назар дур мондаро дубора таҷдиди назар намуда, бар замми ин асолати таърихии онҳоро дар назди давлату миллат барқарор созем. Яке аз чунин рукнҳои маънавию фарҳангӣ забон аст, ки дар ҳама давру замон ба ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзун ниёз дорад.

Бояд қайд намуд, ки забон ин омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Аз ин рӯ, забон яке аз рукнҳои асосии худшиносӣ дониста мешавад. Ҳар як қавму миллат ба худ забон дорад ва риоияи ҳатмии қонунҳои забон аз худшиносии ҳар як шаҳрванд дарак медиҳад. Агар миллат забони худро гум кунад, табиист, ки он миллат ҳувияти миллии худро аз даст медиҳад. Чунки безабон миллат вуҷуд дошта наметавонад.

Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, қонуни ҶТ дар бораи забони давлатӣ қабул гаштааст. Баъд аз қабули қонуни мазкур эҳтироми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад ва барои риоя накардани қонунҳои забон шахс ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Акнун шаҳрвандони ҷумҳурӣ вазифадоранд, ки забони давлатии ҶТ-ро ҳифз намоянд.

Мусаллам аст, ки дар замони муосир ба рушди неруи зеҳнии ҷавонон диққати махсус медиҳанд ва ба соҳаҳои марбут ба он маблағҳои зиёд равона менамоянд. Зеро дар ҷаҳони муосир ин нукта дарк карда шудааст, ки маҳз идеяву назарияи нав аз омилҳои асосии рушди ҷомеаву давлат мебошанд.

Давлати мо аз лиҳози аҳолӣ дар дунё ҷавонтарин кишвар ба ҳисоб меравад. Зеро аксарияти аҳолии онро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо неруи бузурги мутаҳаррики рушди кишвар мебошанд. Аз ин рӯ, саҳми ин қишри ҷомеа дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ назаррас мебошад.

Бояд қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир ин мустаҳкам намудани ҳисси худшиносии миллии ҷавонон мебошад. Аз нуктаи назари илми забоншиносӣ худшиносӣ ин ба бузургони гузаштаи худ арҷ гузоштан ва дар партави гуфтаҳои онҳо забони модарии хешро пок нигоҳ дошта, ҳамаи меъёрҳои онро риоя намудан аст. Гузаштагони мо забонро дар лаҳзаҳои душвор аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошта, онро ба мо бе ягон костагӣ оварда расониданд. Пас, вазифаи мо, хусусан насли ҷавон, забони модарии хешро эҳтиром дошта, онро бо суръат ривоҷу равнақ додан аст.

Назар Муҳаммадхоҷа, устоди ДМТ