ЁДКАРДИ ДУ ТАН АЗ СУХАНВАРОН

149

Имрӯз (20.05.2024) бо ташаббуси факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмию адабии “Бузургдошти Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ” баргузор гардид.

Маҳфил бо сухани муқаддимавии декани факултет, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз шуда, мавсуф иброз дошт, ки омӯзиши корномаи адаибони илму фарҳанг, ки яке аз самтҳои сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад, дар Донишгоҳ, хусуан дар факултети мазкур ба ҳукми анъана даромадааст. Гуфта шуд, ки бо ташаббуси факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ ва кафедраи масъул, яъне кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ солҳост, ки маҳфили “Лоиқхонӣ” баргузор мешавад, ҳамасола ба ифтихори зодрӯзи Муъмин Қаноат низ ҷамъомади илмию адабӣ барпо мегардад… Имсол ҳарду маҳфил муттаҳид карда шуд ва дар як рӯз, яъне рӯзи 20-уми май бо унвони “Бузургдошти Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ” ҷумла ҳаводоронашро ба як сарой – Донишгоҳи миллӣ овард.

Баъдан гардонандаи маҳфил мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ, дотсент Қарори Муҳаммадизода шуд, ки дар миёни суханрониҳо таассуроти хешро аз осори ин бузургон иброз доштанд ва аз таърихи таҷлили маҳфилҳои адабӣ бахшида Муъмин Қаноат ва Лоиқ мухтасар мегуфт.

Дар идомаи маҳфил дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ Ваҳҳобзода Рустам дар мавзуи “Поси арзишҳои миллӣ ва башарии “Суруши Сталинград”-и Муъмин Қаноат”, муаллими калони кафедраи мазкур Ҳафиз Раҳмон оид ба мавзуи “Ашъори ватанияи Лоиқ Шералӣ (дар қиёс бо ашъори ватанхоҳонаи Бозор Собир)” ва устоди факултети журналистика Ализода Абдурашид, инчунин, зумрае аз донишҷӯёни факултети филология аз осори шоирон Лоиқ Шералӣ ва Муъмин Қаноат шеърҳо қироат карданд.

Ёдрас мешавкм, ки субҳи имрӯз мухлисони шеъри ин устодон аввал ба оромгоҳи Лучоб рафтанд, бо худ гулу гулдастаҳо бурданд ва хеле шеърхонӣ ва устодон ёде аз Лоиқ Шералию Муъмин Қаноат карданд.