ЁДКАРДИ ФАЗИЛАТҲОИ НЕКИ ШОИР

117

Тавре иттилоъ дода будем, бахшида ба 85-умин солгарди шоири маъруфи тоҷик, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Бозор Собир дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистонҳамоишҳои гуногуни илмию бадеӣ баргузор гардид.

Аҳли илму адаби тоҷик аз хидматҳои бузурги устод Бозор Собир дар рушду нумӯи адабиёти тоҷик ёдоварӣ шуда, ашъори шоири ватансароро барои халқи тоҷик, адабиёти тоҷик ва фарҳанги тоҷик муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба ин муносибат дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми шаҳрдории кишвар мактаби №8-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба номи устод Бозор Собир гузошта шуд. Ҳамзамон, дар ДМТ маҳфили илмӣ-фарҳангии “Хирадманд” баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб ҷамъ омада буданд. Зимнан бо иқдоми ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. эълон шуд, ки дар донишгоҳ маҳфили «Рӯзи шеъри Бозор Собир» ташкил карда шавад.

Бояд гуфт, ки дар бахши аввали маҳфил устодони факултети филология ҳамроҳ бо хоҳари шоири маҳбуб Бозор Собир – Б.Собирова ба зиёрати оромгоҳи шоир ба Лучоби зебоманзар рафта, бо гулгузориву ёдкарди фазилатҳои неки шоир рӯҳи ӯро шод карданд.

Дар бахши дувум бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни илмию адабӣ дар толори калони донишгоҳ маҳфили «Хирадманд» идома кард. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов аз ҷумлаи иштирокчиёни маҳфил буд, ки баҳри ҳаводорони шеъри Бозор Собир ба донишгоҳ китоби хеш “Дарё туӣ, дарё манам” ва фитаи сурудҳои худ, ки иборат аз 50 шеъри Бозор Собир бо оҳанги ӯ таалуқ дорад, ҳадя намуд.

Иштироки устодони донишгоҳ дар баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангии бузургдошти шоир назаррас буд. Аз ҷумла, дар барномаи маърифатии “Аз табори хуршед”-и ТВ “Тоҷикистон” (ровӣ – Сафарзода Фарҳод) устоди донишгоҳ, адабиётшинос Шарифзода Боймурод иштирок намуда, дар мавриди вижагиҳои эҷодиёти шоир андешаҳои ҷолиб иброз доштанд.