КИТОБИ АРЗИШМАНД

736

     Тайи солҳои охир Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии берун аз ҷумҳурӣ дар самти илму таълим ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар доираи ин ҳамкориҳо табодули устодону донишҷӯён ва амали намудани тадқиқоти муштарак роҳандозӣ шудааст. Яке аз самтҳои ин ҳамкорӣ таълифи китобҳои дарсӣ мебошад, ки аз ҷониби устодони донишгоҳҳои ҳамкор амалӣ мегарданд. Бояд зикр намуд, ки таълифи китобҳои муштарак дар аксар соҳаҳо дида мешавад. Таҳлилҳо нишон дод, ки дар самти улуми филологӣ солҳои охир чунин таълифот дида намешавад. Акунун аз ҷониби устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон – Ҷумъа Ҳамроҳ ва Сироҷиддини Эмомалӣ китоби арзишманд «Назарияи адабиёт» (китоби дарсӣ барои донишҷӯёни факултетҳои филологии мактабҳои олӣ) аз чоп баромад. Китоби мазкур бо қарори Шӯрои илмию методии Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз санаи 24.08.2020, №13 ва қарори Шӯрои илмию методии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 27.09.2020, №1 ба нашр тавсия шудааст.

      Бояд зикр намуд, ки фанни назарияи адабиёт барои донишҷӯёни ихтисосҳои филологӣ, журналистика, забонҳои шарқ ва дигар ихтисосҳои ба ин соҳа иртиботдоштаи мактабҳои олӣ таълим дода мешавад. Донишҷӯён зимни омӯзиши ин фан аз асрори истилоҳоти адабиётшиносӣ ва таърихи пайдоиши онҳо, мавқеъ ва манзалати истилоҳоти адабиётшиносӣ дар офаридани каломи мавзун, образэҷодкунӣ, манзарасозӣ, таърихи афкори бадеии Шарқу Fарб ошно мешаванд.

      Қобили қайд аст, ки таълифи васоити таълимӣ ё китоби дарсӣ заминаи қавии иҷтимоӣ ва таҷрибаи зиёди кориро тақозо мекунад. Тавре муаллифон менигоранд: «Бо тақозои касби муҳаққикӣ ва омузгорӣ аз таълифоту дарсҳои назариявию амалии адабиётшиносон Тӯрақул Зеҳнӣ ва Абдуқодир Маниёзов, ки барои донишҷӯён аз назарияи адабиёт ва санъати бадеӣ дарс мегузаштанд, дар ин китоб истифода шуд. Манбаъ ё сарчашмаи дигари ин китоб таълифоти адабиётшиносони машҳури тоҷик, професссорон Раҳим Мусулмониён «Назарияи адабиёт», Худоӣ Шариф «Каломи мавзун» ва «Назарияи наср» маҳсуб меёбанд, ки муаллифон аз нигоштаҳои эшон барои худ маълумоти фаровон гирифта, дар таълифи ин китоб баҳрабардорӣ намуданд.

       Бояд эътироф кард, ки дар байни қисматҳои адабиётшиносӣ корҳои таҳқиқотии беш доир ба назарияи адабиёт ва қисматҳои он сурат гирифта, дар асри XX ҷониби адабиётшиносон Ю. Бобоев ва Р. Мусулмониён китоби дарсӣ бо унвони “Назарияи адабиёт” барои донишҷӯён таълиф ёфта буд. Дар охирӣ асри XX ва ибтидои асри XXI китоби дарсии “Назарияи адабиёт”- и Р. Мусулмониён барои донишомӯзони соҳаи филология ҳамчун китоби дарсӣ хидмат намуд. Мутаассифона, китоби дарсии “Назарияи адабиёт”-и Р. Мусулмониён дар айни замон на ба ҳама дастрас шуда метавонад. Аз ин рӯ, таълиф гардидани китоби дарсии мазкур аз ҷониби муаллифони ии сатрҳо ба хотири таъмин намудани донишҷуён бо маводи илми назарияи адабиёт мебошад».

         Ёдовар мешавем, ки китоби «Назарияи адабиёт» барои донишҷӯён, магистрон, докторантон ва муҳаққиқони факултетҳои филология, журналистика, забонҳои шарқ чун роҳнамо хидмат хоҳад намуд. Ҳамчунин, аз ин китоби дарсӣ мухлисони адабиёти бадеӣ, дӯстдорони каломи мавзун ва дигар хоҳишмандон чун маводи муфид метавонанд баҳраманд гарданд.