МЕЪЁРИ ШЕЪР ТАРБИЯИ ИНСОН АСТ!

397

Маҳфили ширу шакар бо Рӯдобаи Мукаррам

Дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истиқболи Рӯзи модарон – 8-уми март маҳфили навбатии «Хирадманд» бо иштироки шоираи маҳбуб, бонуи муваффак, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рӯдобаи Мукаррам баргузор шуд. Дар маҳфил устодону донишҷӯён ва дӯстдорони шеър иштирок намуданд.

Маҳфил бо сухани муқаддимавии декани факултети филология, доктори илмҳои филология, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ оғоз ёфт. Мавсуф дар ибтидо меҳмони маҳфил ва кулли иштирокчиёнро ба фарорасии фасли баҳор ва идҳои дар пешистода – Рӯзи модарон ва наврӯзи байналмилалӣ самимона шодбош намуд. Зимнан таъкид дошт, ки имрӯз тамоми кӯшишҳои шоира Рӯдобаи Мукаррам мубтадо ба ин асл аст, ки бузургтарин дастовардҳо дар самти ваҳдату истиқлолиятро дар даврони мо ба самъи кулли мардум бирасонад. «Ӯ дар пеш бурдани корҳои идеология, тавсеа, таҳавул ва муаррифии фарҳанги тоҷик, дар шинохту шиносонидани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ватандорӣ, садоқат ба пешвои муаззами миллат, таҳкими дастовардҳои Истиқлолият, тарбия намудани насли наврас дар руҳияи маънавиятпарастӣ хеле пешсаф ва ташаббускор аст»- афзуд ӯ.

Меҳмони маҳфил шоира Рӯдобаи Мукаррам зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳи раёсат ва устодони Донишгоҳи миллӣ ба шахсияти ӯ изҳори ташаккур намуда, дар робита ба мавзӯи шеър, Ватан, модар ва сулҳу дӯстӣ суханронӣ ва эҷодиёташ порчаҳои шеърӣ ироа намуд. Шоира дар аввал аз рӯзгору осор ва даврони фаъолияти худ мухтассар қисса карда, аз аввалин навиштаҳояш порчаеро ироа намуд.

Меҳмони маҳфил дар идомаи суҳбат доир ба муҳтаво ва таърихи офариниши баъзе аз эҷодаш сухан гуфта, мавзӯи онҳоро вобаста ба ҳар давр, яъне имрӯзу гузашта, донист. «Ман мухлиси адабиётам. Эҷодиётам бо намудҳои гуногуни шеърӣ ифшо шудаанд, ки аксарияти онро тарона ташкил мекунад. Меъёр ва рисолати шеър бояд тарбияи инсон бошад»-мегӯяд Рӯдобаи Мукаррам.

Мавсуф аз маҷмӯаи ашъораш, чанд порчаи шеъриро, ки мавзӯъҳои Ватан-Модар, сулҳу ваҳдат, оромию ободӣ, Зан – офаридгор, ғамхории ятимон, расидан ба қадри волидайн ва ғайраро дар бар мегирифт, қироат намуд. «Мо бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошем. Бояд унсурҳои ахлоқие, ки дар муддати ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаанд, гум накунем. Яъне ҷаҳонбиниро васеъ кунему унсурҳои ахлоқиро фаромӯш насозем ва ба қадри хидматњои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расему ватани азизро аз пештара бештар дӯст дорем».

Дар ҷараёни маҳфил устодон Камол Насрулло, Мисбоҳиддин Назриқул ва Ҳафиз Раҳмон дар атрофи мавзӯи шеър ва чигунагии оғози эҷодиёти илмиии шоира Рӯдобаи Мукаррам суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки диди амиқу васеъ, дониши фаровон, завқи салиму истеъдоди шигарф ва таълифоту офаридаҳояш шоираро барои ҷомеа азиз кардааст.

Ҳамзамон, дар маҳфил чанде аз донишҷӯёни факултети филология аз ашъори шоира шеърҳои қироат намуданд.

Маҳфили ширу шакар бо Рӯдобаи Мукаррамро ҳунармандони шинохта бо сурудҳои дилнишин рангин сохтанд ва дӯстдорони илму адаб меҳмони маҳфилро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.