МИЛЛАТИ МО БОЗ ЭҲЁ МЕШАВАД!

178

Пирӯзии дастаи футболи тоҷик бар дастаи Аморатҳои муттаҳидаи Араб боиси он шуд, ки ҷаҳониён аз футбол ба ваҷд оянд, бозии олӣ будани футболро бори дигар дарк намоянд. Бозии дастаи миллии Тоҷикистон дар майдон воқеан олӣ буд. Ба гуфтаи собиқ бозигари футбол Муҳсин Муҳаммадиев ин пирӯзӣ “омади кор ё тасодуф набуд, балки ғолибияти шарафмандонаи ин даста буд” .

Ҳунарнамоии волои дастаи футболи мо боиси ифтихори натанҳо тоҷикону форсигӯёни ҷаҳон, балки боиси ифтихори русҳо, ӯзбекону қазоқу қирғизҳо, ҳиндую африқоиҳо гардид.

Ғайр аз ин мусоҳибаҳои футболбозони мо нишон дод, ки онҳо танҳо варзишгар нестанд, балки босавод, забондон ва бомаърифату наҷиб ҳастанд. Рустами дарвозабон як бори дигар корномаи Рустами Дастонро такрор кард. Ваҳдат Ҳанонов рафтори шарафмандона кард: голи зебои худро ба бародари марҳумаш бахшид. Заҳмату талошҳои бозигарони дигар ҳам боиси сарафрозии миллати мо буд. Бозии олии ин даста дар сархати ахбори ҷаҳониён қарор гирифт ва бори дигар Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ кард. Тоҷиконе, ки садсолаҳо пеш аз ин сарзамин рафтаанд, бо парчами Тоҷикистон ба ин майдон омаданд ва изҳори шодмонӣ карданд. Заҳмату талошҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саъю кӯшиши Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз меваҳои ширин дод. Миллати тоҷик ва ҳама форсизабононро, миллатҳои минтақа ва ҷаҳонро ба ҳам овард.

Пойи қадами Пешвои муаззам, дастуру раҳнамоияшон дар Қатар ба шербачаҳои тоҷик нусрату иқбол овард. Имрӯз мо дубора дурахши тоҷикро мебинем. Озодагӣ ва бузургии тоҷик дар дунё боз ҷилванамоӣ кард.

Ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба сарпарасти Федератсияи футболи Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ барои омода намудани варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ изҳори сипос менамоем.

Дастаи футболи тоҷик корномаҳои миллати куҳанбунёди моро такрор карданд, таърихи пурифтихори моро зинда карданд.

Илова бар ин, аз забони халқҳои гуногун шунидани суханони Президенти Тоҷикистон, Пешвои муаззам Эмомалӣ Раҳмон :”Тоҷикистон, ба пеш!”, ки ба шиори миллат табдил ёфтааст, воқеан фараҳбахш ва ифтихорбарангез аст.

ПИРӮЗИЮ САРҶАМЪӢ МУБОРАК, ВАТАНАМ!

Пирӯзиҳои аз беш насибамон гардад!

ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!

Дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ, Сафаргул Ҳалимова