МОҲИ МАЙ – МОҲИ ЁД АЗ БУЗУРГОНИ СУХАН…

188

«Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар бигзашт…”. Аз он замоне, ки устод Турсунзода ин шеъри машҳурашро гуфт, баҳорони зиёде гузашт. Устоди сухан кайҳост, ки миёни мо нест, аммо ҳар баҳори нозанин мо ёди ӯ мекунем, нишасту маҳофил ва конфронсҳо баргузор мекунем, шеъри ӯро батакрор мехонему мехонем…Ин моҳ, яъне моҳи май аз ду устоди диграи каломи бадеъ, яке Муъмин Қаноат ва дигаре Лоиқ низ ёд мекунем, ки пайравону дастпарварони мактаби шоирии устод Турсунзода буданд ва борҳо аз хубиву накукориҳои устодашон дар ёддошту китобҳояшон зикр кардаанд.

Кадом мутафаккире, ки ҳоло ёдам нест, гуфта, ки агар ҳофизаву хотира намебуд, ҳаёт имконнопазир мебуд ва агар фаромӯшӣ намебуд, зиндагӣ кардан тоқатнопазир мешуд. Яқинан асли андешаи ин файласуф аз “агар”-и аввал чизҳои неку пок ва шойистаи зиндагист ва “агар”-и дувум – кинаву кудуррату нафрату дигар чизҳои бад аст…

Ҳамин тавр, моҳи майро бе ёди ин се бузурги фарҳангу адаби миллӣ – устодон Турсунзодаву Қаноату Лоиқ тасаввур кардан ғайримумкин аст… Дар умум, бидуни ёди онҳо худи адабиёти миллӣ ҳамчун як шохаи ҳунар дар чаҳорчӯби тасаввур намеғунҷад…

5-уми май дар Донишгоҳи миллӣ ба ифтихори устод Турсунзода нишасти хубе шуд, ки дар он шоири маъруфи мо Рустам Ваҳҳобзода ва бандаи ҳақир суханронӣ доштем… Инак, 20-уми май боз як нишасти дигаре дар назар аст ба ифтихори устодон Қаноату Лоиқ. Тибқи барнома устод Боймурод Шарифзода аз ҳунари шоирии устод Лоиқ ва бандаи фақир аз ҳамосасароии устод Қаноат бояд сухан бигӯем…

Парерӯз бо даъвати файласуф Исомиддин Шарифзода ба телевизиони “Сафина” рафта будам ва роҷеъ ба бузургвории ин се устоди сухан – устодон Турсунзодаву Қаноату Лоиқ мухтасар суҳбат кардем. Ин суҳбат, ончунон ки дар нақша ҳаст, бояд рӯзи якшанбе, соати 21:00 манзури бинандаҳо шавад… Ба қавли Исомиддин Шарифзода, ки дар ташкили суҳбат, ба гап даровардани мусоҳиб, маҷрои гуфтугӯро ба самти лозим бурдан воқеан истеъдоди баланд дорад, “ин суҳбат муқаддимае буд дар шинохти рамзу рози сухани ин устодони адабиёт”.

Дина, яъне 16-уми май дар толори зебои хобгоҳи 8-уми Донишгоҳи миллӣ низ ҳамроҳ бо профессор Умар Сафар ба суҳбати донишҷӯён даъват шудам. Мавзуи суҳбат – ёди неку поки устодон Қаноату Лоиқ… Раиси донишкадаи забону адабиёт Сироҷиддини Эмомалӣ, ки масъули ин нишаст буд, ба банда расо як соат барои суханронӣ ҷудо кард. Умар Сафар дар интиҳои суҳбати хубаш аз саҳми устодон Қаноат ва Лоиқ дар рушди шеър се шеъри ин устодонро бо лаҳни зебояш қироат кард.

Банда дар мавзуи худшиносиву ҳувияти миллӣ дар осори ин бузургон суҳбат кардам. Ду бор ҳушдорам доданд, ки вақти ҷудошуда тамом шуд… Донишҷӯён қарс заданд ва банда қасдан гуфтам, ки “ана бинед, инҳо мехоҳанд, ки боз як соати дигар сари минбар бошам…”. Фазоро садои хандаву хушҳолӣ фаро гирифт… Нишасти хеле ҷолиб буд, бахусус лаҳзае, ки Умар Сафар иловатан боз ду шеъри машҳури устодон Қаноату Лоиқро қироат карданд: яке муқаддимаи “Сурӯши Сталинград” (Суханро вазну такмини замин бояд…) ва дигаре шеъри Лоиқ – “Аз дур ошёни туро ёд мекунам…”.

Шаб афсурдаву абгор, аммо бо қалби хушнуд ба хона баргаштам… Раҳораҳ сухани ҳамон мутфаккир ба ёдам меомад: бе ёду хотироти ширин зиндагӣ маъно надорад. Боз агар ёде аз устодони сухан, мисли Муъмин Қаноат ва Лоиқ бошад…

Ҳафиз РАҲМОН,