МУҲАҚҚИҚИ ҶАВҲАРШИНОС

414

Имрӯз (02.02.2021) дар пояи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷик ба муносибати 75-солагии профессор Аламхон Кӯчарзода конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯъи «Адабиётшиносӣ ва нақди матн дар замони истиқлол» баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии муовини ректор оид ба илм ва иноватсия, профессор Сафармамадзода С.М. ва декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Э. оғоз ёфт.

Сипас раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим., профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ Маҳмадаминов А., профессори МДТ «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино» Халифаев Д.Р., муовини аввали ректори ДДОТ ба номи С.Айнӣ, дотсент Қосимӣ С., профессори кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ Муродӣ М., корманди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ Шоҳзамон Раҳмон ва чанде дигар дар мавзӯъҳои Пажӯҳишгари равишу андешаҳои тозаи илмӣ, саҳми профессор Аламхон Кӯчарзода дар таҳия ва табъи осори устод С.Айнӣ, ҳусни таҳқиқ ва таълим, кашшофи таърихи матн, масъалаҳои матншиносии сурудҳои фолклорӣ ва ғайра суханронӣ карданд.

Дар конференсия гуфта шуд, ки саҳми устод А. Кӯчарзода дар самти таҳқиқи матншиносӣ беназир аст.