НАЗМШИНОСӢ

283

Имрӯз (10.05.2022) дар пояи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи таърихи адабиёти тоҷик ба муносибати 80-солагии доктори илми филология, профессор Урватулло Тоиров ҳамоиши байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯъи «Вазни арӯз ва таҳаввули он дар шеъри форсии тоҷикӣ» баргузор гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва декани факултети филология, профессор Сироҷиддини Э. оғоз ёфт.

Сипас профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷикии ДМТ М.Нарзиқул., профессори МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» М. Мирзоюнус., докторанти кафедраи таърихи адабиёти тоҷикии ДМТ Наҷибуллои Қаюм ва чанде дигар дар мавзӯъҳои мухтасари фаъолияти илмӣ-адабиётшиносии профессор Урватулло Тоиров, саҳми донишмандони тоҷик дар таҳаввул ва такомулоти арӯзи форсӣ-тоҷикӣ, оид ба таносуби оҳангу муҳтаво дар шеъри форсӣ-тоҷикӣ, таносуби вазн ва мазмуну мусиқӣ дар ашъори Камоли Хуҷандӣ ва масъалаҳои вазни шеърӣ ва ғайра суханронӣ карданд.

Дар конференсия гуфта шуд, ки саҳми устод Урватулло Тоиров дар самти таҳқиқи назмшиносӣ ва ба вуҷуд овардани мактаби илмиву таълимӣ беназир аст.