ҶОИЗА МУБОРАК, УСТОДОНИ АЗИЗ!

303

Рӯзи 18.08.2021 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд. Боиси ифтихор аст, ки дар миёни сарфарозшудагон ба мукофотҳову ҷоизаҳо аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон зумрае аз устодону кормандон низ буданд. Аз ҷумла, профессори факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Мамадназаров А. ва мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология Зайниддинзода М. бо унвони фахрии «Корманди шоиста», профессори кафедраи химияи физикӣ ва колоидии факултети химия Мубаширахон Раҳимова ва омӯзгори фанни математикаи литсейи фанҳои табиию риёзии донишгоҳ Асадулло Шарифов бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021, инчунин, омӯзгори кафедраи онтология ва назарияи маърифати факултети фалсафа М. Қаландаров ва корманди Институти илмию тадқиқотии донишгоҳ Ҷ. Обидов бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ шуданд. Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафароне, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд. Ҷоиза муборак, устодони азиз!