• Русский
  • Тоҷики
Домой Блог Страница 7
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад. Он дар оғози шомгоҳи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид, ки мутобиқи солшумории милодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январ рост меояд. Ин рӯзро Обонрӯз низ мегӯянд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо ё худ пас...
ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МАГИСТРАНТИ СОЛ» ДАР СОЛИ 2025 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумот мерасонад, ки барои дарёфти ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» миёни магистрантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2025 Озмун эълон менамояд. Озмун бо мақсади ба ҳам овардани магистрантон, дарёфти ҷеҳраҳои нави лаёқатманд,...
Дар назди кафедра таърихи забон ва типологияи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмии “Ганҷи сухан” амал мекунад. Семинари навбатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар кори он намояндагони сохторҳои мухталифи кишвар иштирок намуданд. Иштирокчиёни семинар аз зиндагинома ва корномаи узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор...
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар санаи 30.05.2024 мулоқот намуда, масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифро мавриди баррасӣ қарор дода буданд. Яке аз масъалаҳои баррасигашта мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ аз руйи ихтисосҳои бунёдию замонавӣ буд. Дар партави...
Яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи илму маорифи кишвар дар замони муосир мусоидат намудан ба зиёд шудани шумораи олимону муҳаққиқони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ба ҳисоб меравад. Ин масъала зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз 30.05.2024 мавриди таъкид ва таҳлилу баррасии амиқ қарор...
Имрӯз (25.12.2024) бо ибтикори раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони "Масъалаҳои равобити адабӣ ва тарҷума дар замони Истиқлол" бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон, устодону донишҷӯён баргузор гардид. Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Сафармамадзода С....
Дар чорякасри соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву мардумгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар қонунҳои мутааддиде ба тасвиб расидаву мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар беҳбуд бахшидани ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва арзишгароии миллат нақши муассир доранд. Бе шак, аз миллитарин, мардумитарин ва муҳимтарин...
Бо мақсади густариш додани равобити волидайни донишҷӯён бо Донишгоҳ имрӯз (07.12.2024) садорати факултети филология тасмим гирифт, ки суҳбатҳои судманро бо волидайни донишҷӯён ба роҳ монад. Маҷлиси волидайнро декани факултети филология, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ ифтитоҳ намуда, нахуст падару модарон ва дигар намояндагони донишҷӯёнро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфт. Зикр карда...
Субҳи имрӯз (07.12.2024) дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллӣ машқҳои пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Шуъбаи кор бо ҷавонон ва факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок доштанд. Машқҳои пагоҳирӯзӣ дар доираи дастуру супориши роҳбарияти Донишгоҳ ва нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи кор бо ҷавонон ҳар ҳафта рӯзи...
Имрӯз (20.11.2024) дар толори калони шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология маҳфили "Рӯзи шеъри Бозор Собир" баргузор гардид. Маҳфил бо иштироки кормандони Раёсати Донишгоҳ, устодону донишҷӯён ва меҳмонон гузаронида шуд. Муовини...

Эълонҳо

Ads