• Тоҷики
Домой Блог Страница 7
Роҳпаймоии осоиштаи ҷашнии Донишгоҳи миллӣ  бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз (16.11.2022)  дар ҳудуди Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром ва садоқат ба Пешвои маорифпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ...
Имрӯз (15.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори фарҳангиву адабии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар рушди фарҳанги миллӣ» семинари илмӣ-назариявӣ бо иштироки устодону кормандон, магистрантону донишҷӯён баргузор гардид. Нишаст бо...
Имрӯз (05.11.2022) бо ибтикор ва ташаббуси раёсати Донишгоҳи миллӣ дар толори фарҳангиву адабии ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода бо ҳузури Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, муҳаққиқону адибон – Муҳаммадии Муродӣ, Алиризои Қазва, Саидаи Ҳусейнҷон ва дигар адибону олимони Эрон, ҳамзамон, устодону донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик, забонҳои Осиё ва Аврупо маҳфили илмӣ...
Дар доираи нақша-чорабиниҳои факултети филологияи тоҷик ҷиҳати баргузории ҳамоишҳои илмию тарбиявӣ бахшида ба рўзҳои Конститутсия, Рўзи Президент ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсоз дар сатҳи гуногун нишасту вохўриҳо гузаронида шуд. Аз ҷумла, бахшида ба ин санаҳои таърихӣ вохўрии устодону донишҷӯёни факултет бо иштирокчии Иҷлосияи мазкур Адолат Раҳмонова доир гардид. Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет...
Маҳфили навбатии инфиродии профессор Равшан Раҳмонӣ «Фарҳанги мардум» ба масъалаи омўхтани забони матнҳои фолклорӣ бахшида шуд. Дар маҳфил донишҷўëни курси якум ва сеюми факултети филологияи ДМТ, ихтисоси «Фарҳанги ҷаҳони ва ватанӣ. Фолклор» иштирок доштанд. Аввал устод фаҳмонданд, ки истилоҳи «лигвофолклористика» чиро меомўзад. Баъд донишҷўён бо навбат ба устод саволҳо доданд. Аз савол ҷавобҳо мълум...
Ин шом (04.11.2022) маҳфили "РАВОҚИ АНДЕША" бо иштироки устодони факултети филологияи ДМТ ва донишҷӯёни факултетҳои филология, Осиё ва Аврупо, тиббӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, молия ва иқтисод ва журналистика дар маҷлисгоҳи хобгоҳи рақами 8-и ДМТ баргузор гардид. Дар ин маҳфил декани факултети филологияи ДМТ профессор Сироҷиддини Эмомалӣ, муовини декан оид ба тарбия, дотсент, Ҳайдаров Муҳаммадёр, мудири кафедраи назария...
Имрӯз (02.11.2022) дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангию маърифатӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш сафири фавқулода ва намояндаи томулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, намояндагони фарҳангу адаби Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамзамон, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.
Имрӯз (14.10.2022) ба хотири бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори факултети филологияи донишгоҳ ҳамоиши адабиву фарҳангии бошукуҳ таҳти унвони «Шукуҳи «Шоҳнома» ва азамати Фирдавсӣ» бо иштироки сафири фавқулода ва намояндаи томулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ баргузор шуд. Маҳфилро декани факултети филологияи ДМТ С.Эмомалӣ ифтитоҳ бахшида, доир...
Бо чунин унвон ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ – 5-уми октябр имрӯз (04.10.2022) дар факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.  Ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сухани муқаддимавии хеш афзуд, ки таърихи давлатдории тоҷикон абармардони зиёдеро ба хотир дорад, ки...
Тибқи ахбори сарчашмаҳои адабию таърихӣ устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ сермаҳсултарин шоири форсу тоҷик ба шумор меравад ва мероси адабии ӯ таваҷҷуҳи аҳли адабро бештар ҷалб кардааст. Тули 20 сол мешавад (шуруъ аз соли 2002) мо санаи 22-юми сентябрро дар саросари ҷумҳурӣ ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн мегирем. Ба ин муносибат дар аксар муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ ҳамоишҳои сатҳашон гуногун ташкил карда мешавад. Ба ин...

Эълонҳо