ПАРЧАМИ МИЛЛАТ БАҚОИ МИЛЛАТ АСТ!

179

Дар таърихи давлатдории ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзҳову муқаддасоти миллие вуҷуд доранд, ки пойдориву манзалати давлат маҳз ба мавҷудияти онҳо пайвастагии қавӣ дорад. Миллати тоҷик, ки баъд аз сарсониҳои дуру дарози таърихӣ дар охири садаи 20-ум Истиқлоли сиёсиро ба даст овард, акнун дар шароити озоду мусоид ба эъмори давлати навин оғоз намуда, дар ин замина муқаддасоти миллии худро бо риояи беҳтарин анъанаҳои таърихӣ қабул намуд. Яке аз чунин рамзҳое, ки дар ҳама давру замон аз ҳастии давлату миллати тоҷикон дарак дода, решаҳои таърихи қадима дорад, Парчами давлатӣ мебошад. Фаромӯш намесозем, ки Дирафши коваёни – аввалин рамзи парчамдориву давлатдории тоҷикон маҳсуб меёфт ва онро метавон сарчашмаи муҳимми ифтихороту ғурури миллӣ ба қалам дод. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ монданд, аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукӯҳу шаҳомат ва нангу номуси миллӣ будааст ва ҳамчунин боқӣ мондааст.

Мусаллам аст, ки давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дошта, аҷдодони мо аз замони Каёниён соҳиби дирафше буданд, ки мавҷудияти давлатдории онҳоро ифода мекард. Аз нахустин Парчами миллӣ метавон Дирафши коваёниро ном бурд, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ шинохта мешуд. Баъдан дар замони ҳукуматдории Сосониён шакли он тағйир ёфта, дар қисми болои он таҷассуми парандаи заррин – мурғи ҳумо ҷой дода мешуд ва дар қисми мураббаи он қиматтарин сангҳо насб гардиданд. Бо ифтихор метавон гуфт, ки Дирафши коваёнӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон ба сифати муқарраркунандаву нишондиҳандаи асосии ҳастии давлату миллат эътироф гардидааст ва он барои қабули дигар рамзҳои миллӣ ҳамчун манбаи ифтихороти миллӣ хизмат намудааст.

Пас аз соҳибистиқлолии кишвар моҳи ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи ХVІ таърихи Шурои Олии Тоҷикистон, ки ҳамчун Иҷлосияи тақдирсози миллат қаламдод мешавад, тақдири ояндаи давлати тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯйи ҳадафҳои умумимиллӣ гомҳои устувори нахустин гузошта шуданд. Дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар, инчунин, рамзҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон – Парчам ва баъдтар Нишон қабул карда шуданд. Қабули Парчами давлатӣ дар ҳамон шабу рӯз умеди рахшоне ба ояндаи дурахшони миллат буда, мардумро ба сӯйи ободкориву созандагиҳо раҳнамоӣ мекард. Дар воқеъ, мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихору қаноатмандӣ ёдоварӣ менамоем, зеро он айём иқдомҳои нахустин ҷиҳати эъмори сохтори нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар гузошта шуданд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки мо дар интихоби роҳи минбаъдаи такмили давлатдории хеш хато накардаем ва, болотар аз ин, чунин таҷриба барои бархе аз давлатҳои ҷаҳон имрӯз намунаи ибрат мебошад. Албатта, дар қабули саривақтии рамзҳои давлатӣ ва интихоби чунин ҷодаи вазнину тақдирсоз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир арзёбӣ мегардад. Бӯсидани Парчами миллӣ дар ҳамон шабу рӯзи барои миллату давлат ҳассос нишон аз садоқат, самимият ва ҷонсупории Президенти кишвар дар роҳи бунёди Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол буд. Баъдтар Пешвои муаззами миллат бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ бо фармони махсус аз санаи 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон доштанд. Ҳамчунин, ба хотири арҷгузорӣ нисбат ба мақому манзалати Парчам дар таърихи давлатдории тоҷикон Сарвари давлат идеяи бунёди манораи бузурги Парчами давлатиро пешниҳод намуданд, ки он аз ҷониби сохторҳои муайяни давлатӣ ва ҷомеаи фаъоли кишвар дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Ҳамин буд, ки дар дуюмин солгарди “Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон” маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида, сохтмони он дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар натиҷа 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пояи 165 метр, ки баландтарин пояи парчами давлатӣ дар ҷаҳон буд, парафшон гардид. Баландии Парчам 30 метр ва дарозиву паҳноии он 60 метрро ташкил медод.

Баҷо овардани эҳтирому самимият нисбат ба Парчами миллӣ бояд қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ бошад, зеро маълум аст, ки Парчами давлатӣ рамзи хосаи истиқлолият, ҳувият, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ ва пойдории миллат аст. Хушбахтона, Парчами миллӣ имрӯз чун арзиши муҳимми давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассисаҳо, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва ҳатто хонаҳои шаҳрвандони кишвар насб гардида, озодона парафшонӣ мекунад. Ба таври дигар, маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ гардидаанд, ки он яке аз рамзҳои асосии давлатдории муосир ва сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ба ҳисоб меравад:

Зи Парчам миллати тоҷик сарафроз,

Ки дар ҳар рангу рамзаш як ҷаҳон роз.

Барҳақ, Парчами давлатӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардуми тоҷик ҷиҳати рушду ободии кишвари азизамон ҳамранги дирафши ковиёнии аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг ва ҷилои тоҷи заррину ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, давлату давлатдории мустақил, қаҳрамониҳои родмардони сарзамин баҳри озодиву истиқлол ва ободии Тоҷикистони ҷавон башорат медиҳад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватан буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди миллӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва арзишҳои муҳимми давлатӣ маҳсуб ёфта, дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи чаҳонӣ парафшонӣ мекунад. Ба андешаи мо, ҳолати мазкур бояд мояи ғуруру сарбаландии ҳар як фарди хештаншиносу ватандӯст бошад.

Фаромӯш насозем, ки Парчами давлатӣ барои мо тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату ватандорӣ, ваҳдату ҳуввияти миллӣ ва ҳамчунин, беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ба шумор меравад.

Аз ин рӯ, мебояд, ки аз Парчами миллии худ дар ҳама ҷову ҳама ҳолат ифтихори тамом дошта бошем ва арҷу эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ баҷо орем. Тавонем, ки нақшу эътибори онро ба насли имрӯзу оянда бо риояи беҳтарин арзишҳои милливу инсонӣ талқин намоем. Танҳо дар чунин шароит мо метавонем, воқеан, аз муқаддасоти миллии худ ифтихори тоҷикона намуда, атрофи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам бештар сарҷамъ оем. Ба қавли шоир:

Ҳуҷҷати сулҳи навини тоҷиконам Парчам аст,

Пойдории мақоми ориёнам Парчам аст.

Дустзода Ҳ.Ҷ., н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони адабии муосири тоҷикии факултети филологияи ДМТ,

Собиров Ҳ.Ю., н.и.ф., дотсент, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДМТ.