РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҲУМОЮН БОД!

44

Порча аз достони “Тоҷикнома”

Аҳди Истиқлол

Ба каф омад чу Истиқлол моро,

Сипоҳи кина зад чангол моро.

Ало, тоҷики ман, ту ёд дорӣ?

Ба дил сад шевану фарёд дорӣ!

Ба ҳар навъе шаҳире сарнагун шуд,

Тани озодагон бар хоку хун шуд.

Фуру рафтӣ ҳама бар коми оташ

Зи дасти деви кини аждоҳафаш.

Басе аз мардумон овора гаштанд,

Ба хоки дигарон бечора гаштанд.

Зи аҳди бостон ту тоҷ дорӣ,

Ҳама расми бузургон ёд орӣ?

Нажоду миллату зотам бузурганд,

Далеру шермардони сутурганд!

Зи ҷо бархоста фаррухниҳоде,

Тавозуъпешаи бо адлу доде,

Ба созиш омад ӯ бо роҳи нармӣ,

Зи ӯ омад ба дилҳо меҳру гармӣ.

Замони дӯстию ҳамраҳӣ шуд,

Аз ӯ осоишу ҳам фарраҳӣ шуд.

Замони амну оромӣ ба мо дод,

Ба азму ҷони худ ӯ ин сахо дод.

Ало, тоҷики ман, ту ор дорӣ,

Замиру миллати бедор дорӣ!

Ҳумоюн бод моро тахти тоҷик,

Хуҷаста бод моро бахти тоҷик!

Ба сар моро ҳавои амн имрӯз,

Ватан дорад қабои ҷашни фирӯз.

Муборак бод Истиқлоли тоҷик,

Шукӯҳу шавкату иқболи тоҷик!

Зиҳӣ, тоҷики ман, ту ор дорӣ,

Забону давлати бедор дорӣ!

********

Ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон,

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,

Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Намоди сулҳ дар гетист Раҳмон,

Аз ӯ ҳаст ин ватанро созу сомон.

Тариқи ростӣ чун пешаи туст,

Нигаҳбонат бувад Яздони Кайҳон.

Сипар кардӣ тану ҷон баҳри миллат,

Чу дар хун ғӯтавар буд Тоҷикистон.

Чу дар гирдоби даҳшат буд мулкат,

Раҳо кардӣ зи кулфатҳои даврон.

Намудӣ саъй бар оромии он,

Расидӣ бар мурод, аммо на осон.

Пайи ободии мулки ниёгон,

Ҳамекӯшӣ ҳамеша аз дилу ҷон.

Зи бас амн асту ободӣ маромат,

Аз ин рӯ гаштаӣ бо иззату шон.

Барои ин ватан сулҳ офаридӣ,

Биёрӣ сулҳро ҳам бар Хуросон.

Чу аҳдофи ту поку соф қалбат,

Накувон баста бо ту аҳду паймон.

Дар ин дайри пур аз макру дурӯӣ,

Намояд роҳи ту Яздон дурахшон!

Ҳалимова Сафаргул,дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология