САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР РУШДИ ИЛМҲОИ ФИЛОЛОГӢ

494

Бо чунин унвон бо ташаббуси садорати факултети филология бахшида ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китобе нашр гардид. Дар китоби мазкур 23 мақолаи илмии устодони варзидаи соҳа гирдоварӣ шудааст.
«Илмҳои филологӣ ё суханшиносӣ, ки дар қаламрави форсизабонон таҳти унвони улуми адабӣ ёд шудааст, дорои 22 шоха буда, аз бузургтарин дастовардҳои миллӣ маърифат мешавад, зеро он ифодагари маънавиёт, сатҳи тафаккур ва ҷаҳонбинии миллӣ мебошад… Воқеан, дар ташаккули маънавиёти ҳар халқу миллат забон ва адабиёти он мавқеи меҳварӣ дорад. Зеро маҳз аҳли эҷод дар осори бадеии худ хулқу атвор, рафтору гуфтор, рӯҳу равон, хислату одоб ва расму русум барин унсурҳои муҳимми фарҳанги миллати хешро инъикос менамоянд, ки ин боиси мондагор гардидани онҳо дар таърихи инсоният мегардад». Ин андеша дар мақолаи мураттиби китоб доктори илмҳои филологӣ, декани факултети филологияи тоҷик, профессор Сироҷиддини Эмомалӣ – «Рушди илмҳои филологӣ дар замони истиқлол» дарҷ гардидааст.