САВОДНОКИИ МОЛИЯВӢ – БАРОИ ҲАМА

681

Ҷиҳати баланд бардоштани маълумотнокии молиявии аҳолӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум аз ҷониби сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ семинар-машваратҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олию миёнаи ҷумҳурӣ ва дигар ташкилотҳои соҳавӣ гузаронида мешавад. Дар робита ба ин масъала ҶСП “Спитамен Бонк” тасмим гирифтааст, ки миёни ҷавонон-донишҷӯён семинарҳои судмандро баргузор намояд. Чанде қабл дар миёни донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик бо иштироки менеҷери “Спитамен Бонк” оид ба робита ба ҷомеа Хосияти Соҳибназар бо уновони «Саводнокии молиявӣ» семинарии омӯзишӣ доир гардид.

Дар семинар таъкид шуд, ки ташкилоти давлатӣ ё тиҷоратӣ иҷрои ҳатто содатарин фаъолияти молиявии худро бидуни суратҳисоби бонкӣ иҷро карда наметавонад. Суратҳисоби бонкӣ ва ё пасандоз ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, ба соҳибкорони инфиродӣ зарур буда, барои иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ дар назди ташкилотҳои дигар, гирифтани пардохт барои моли фурӯхташуда ё хизматрасонӣ ва ғайра истифода мешавад. Пасандоз бошад барои дилхоҳ шахс зарӯр ва ҳатмӣ мебошад.

«Инсон барои расидан ба орзу ва нақшаи муҳимии зиндагӣ бояд мақсади асосӣ дошта бошад. Барои расидан ба мақсади асосӣ пасандоз лозим аст. Пасандоз ин натанҳо будани пул, балки риояи низоми он ва сарф намудан дар мақсадҳои муайян мебошад»-афзуд Хосияти С.

Дар ҷараёни семинар гурӯҳи ҷавонон-донишҷӯён бо масъулон оид ба нақшаи минбаъдаи фаъолияти худ сухан намуда, ҷиҳати беҳтар истифода бурдани маблағ, суратҳисоби бонкӣ, муҳайё намудани зиндагии шоиста ва расидан ба орзӯҳои нек суолу ҷавоб намуданд. Гуфта шуд, ки ҳар як шахс мабалағи ба даст омадаро бояд ба танзим дарорад ва хараҷотҳои хатмӣ, ки ба он хизматрасониҳои коммуналӣ, хараҷотҳои хӯрока, либоса, тандурустӣ, таҳсил ва ғ. дохил мешавад, назорати ҷиддӣ барад. Дар ин сурат буҷети оила хуб мегардаду пасандоз зиёд мешавад. Дар натиҷа сатҳи зиндагӣ хуб ва орзуҳои нек амалӣ мегарданд.

«Ба хароҷоти ғайричашмдошт бошад, бояд муносибати ҷиддӣ намуд ва ба мушкилиҳои пешомада бодиққат назар карду ҳалли масъаларо ҳамаҷониба ҷустуҷӯ кард»- мегӯяд Хосияти С.

Дар охири семинари омӯзишии «Саводнокии молиявӣ» донишҷӯён дар робита ба ҷанбаҳои гуногуни кори “Спитамен Бонк” саволҳо дода, аз ҷониби масъул ҷавобҳои лозима гирифтанд.